Ифодаи амалии бародарӣ ва ваҳдати инсонӣ

  • Ифодаи амалии бародарӣ ва ваҳдати инсонӣ
  • Ифодаи амалии бародарӣ ва ваҳдати инсонӣ
  • Ифодаи амалии бародарӣ ва ваҳдати инсонӣ
  • Ифодаи амалии бародарӣ ва ваҳдати инсонӣ
  • Ифодаи амалии бародарӣ ва ваҳдати инсонӣ
  • Ифодаи амалии бародарӣ ва ваҳдати инсонӣ
  • Ифодаи амалии бародарӣ ва ваҳдати инсонӣ

Маҳаллаи «Ӯзбекистон». Ин масканест, ки на дар кишвари мо, балки дар ноҳияи Арсузи вилояти Ҳатайи Ҷумҳурии Туркия бунёд гардидааст...

Тавре аён аст, заминларзаи харобиоваре, ки моҳи феврали соли 2023 дар Туркия рух дод ва дар таърихи мамлакат ҳамчун яке аз фоҷиабортарин офатҳои табиӣ сабт шуд, дар як қатор минтақаҳои Туркия хисороти азим ба бор овард ва боиси ҳалокати ҳазорон нафар гардид. Садҳо ҳазор оила аз манзилу макон ва наздикони худ ҷудо шуданд. Минтақаҳое, ки ҳаёт дар ҷӯш буд ва рӯзгори обод ҷараён дошт, зери вайронаҳо монданд. Аз ҷумла, вилояти Ҳатай яке аз минтақаҳое буд, ки бештар аз ҳама зарар дид.

Дӯстон замони ба сар кулфат омадан, дар рӯзҳои вазнин шинохта мешаванд. Дар чунин лаҳзаҳои санҷиш ва мушкил Ӯзбекистон аз аввалинҳо шуда ба халқи бародари турк дасти мадад дароз кард. Дар муҳлати кӯтоҳ 100 нафар наҷотдиҳанда ва 70 нафар корманди тиббии ӯзбекистонӣ ба минтақаҳои осебдида сафарбар шуданд. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ, ки аз ҷониби наҷотдиҳандагони мо анҷом ёфт, 18 нафар наҷот ёфта, қариб 200 нафар ҷабрдидагон аз зери вайронаҳо берун оварда шуданд. Беморхонаи саҳроӣ бошад, ба зиёда аз 4 ҳазор бемор ёрии тиббӣ расонд.

Ин кумак муваққатӣ набуд, балки дар доираи васеъ идома ёфт. Аз ҷониби Ӯзбекистон дар муҳлати кӯтоҳ дар ноҳияи Арсузи вилояти Ҳатай, дар соҳили баҳри Миёназамин, маҷмааи муосири истиқоматӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд гардид. Ба ин маскан номи маҳаллаи «Ӯзбекистон» дода шуд.

Дар маҳаллаи «Ӯзбекистон», ки 111,5 гектар майдонро дар бар мегирад, биноҳои баландошёнаи дорои қариб 3000 хонадон бунёд гардиданд. Аз ин миқдор, 24 бинои бисёрошёна бо беш аз 300 хонадон маҳз аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шудааст.

Инчунин, дар ҳудуд гулгашти  ба номи Шавкат Мирзиёев бо дарозии 2212 метр, кӯчаи Тошканд, кӯчаи Самарқанд, масҷиди ҷомеъи Бухоро бо ғунҷоиши 500 нафар, Боғи дӯстии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ошхонаи маҳалла, майдонча ва гӯшаҳои бозӣ барои кӯдакон бунёд шудаанд. Бо номи шаҳрҳои таърихии мо номгузор шудани кӯчаҳо ва масҷиди маҳалла – таҷассумгари ягонагии решаҳои таърихӣ, арзишҳо ва фарҳанги муштарак, бародариву ҳамҷиҳатӣ ва ҳамбастагии ду халқ мебошад.

Дар доираи сафари расмии Сарвари давлатамон ба шаҳри Анқара дар моҳи январи соли ҷорӣ, Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия дар маросими рамзии ифтитоҳи маҷмааи истиқоматии «Ӯзбекистон» иштирок карда буданд.

13 июни соли ҷорӣ ҳайати намояндагони Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриддинҷон Исмоилов ба вилояти Ҳатай сафар намуда, дар маросими тантанавии ифтитоҳи маҳаллаи «Ӯзбекистон» иштирок намуд.

Дар чорабинии идона Раиси Палатаи қонунгузорӣ, Раиси Маҷлиси бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмуш, Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Туркия Илҳом Ҳайдаров, ҳокимони вилоятҳои Хоразм ва Ҳатай ва дигарон ба сухан баромада, махсус таъкид карданд, ки солҳои охир бо иродаи сиёсии президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия муносибатҳои дуҷониба боз ҳам густариш ёфта, фаъолтар мегарданд.

Намояндагони кишвари бародар ислоҳоти Ӯзбекистони Нав, нақши кишвари мо дар рушди тамаддун ва фарҳанги исломӣ, инчунин мероси ғании ниёи бузурги моро алоҳида эътироф намуда, ба қадамҳои устувор, ки дар роҳи Эҳёи сеюм гузошта мешаванд, комёбиҳо таманно карданд.

Маҳаллаи «Ӯзбекистон» ва гулгашти Шавкат Мирзиёев, ки дар Ҳатай қад афрохтанд, рамзи эътимоди мутақобил, ҳамҷиҳатӣ ва дӯстиву бародарии ду халқ мебошанд. Имрӯз дар ин маҳал ҳаёти нав, орзуву умедҳои нав, талошҳои тоза ва насли нав шакл мегиранд. Хандаи шӯху шодонаи кӯдакон, хушҳолии сокинон, инчунин, масҷид, ки мардумро ба ибодат фаро мехонад, манзараи зебои маконест, ки дубора ҳаёт оғоз ёфтааст.

Дар доираи чорабинӣ намояндагони ҳайати Ӯзбекистон бо корҳои созандагии ҳудуди маҳалла аз наздик шинос шуданд. Аз хонадонҳои сокинон дидан карда, бо мардум суҳбат оростанд.

Дар ҷашни Наврӯзи соли ҷорӣ як гурӯҳ сокинони Ҳатай бо даъват ва ташаббуси Президенти мо ба Ӯзбекистон сафар карда буданд. Меҳмонон аз шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Андиҷон дидан намуда, дар тантанаҳои идона иштирок карданд. Дар байни онҳо хонум Ҷамила Улус низ буд.

Хонум Ҷамила, ки ҳоло дар маҳаллаи «Ӯзбекистон» истиқомат мекунад, меҳмоннавозии халқи ӯзбекро бо эҳтиром ёдовар шуда, моро низ ба хонадони нави худ ва як финҷон қаҳваи туркӣ даъват кард. Зимни суҳбат бо хонум, ӯ борҳо миннатдории худро аз роҳбарияти Ӯзбекистон, халқи бародари ӯзбек изҳор кард.

Дар ҳақиқат, маҳаллаи «Ӯзбекистон», ки дар Ҳатай бунёд гардидааст, ба рамзи меҳру муҳаббат, бародарӣ, рафоқат, эътимоди сиёсӣ ва наздикии амиқи стратегии ду халқ дар рӯзҳои душвор табдил ёфтааст.

Ин макони ҷуғрофӣ, ки номҳои марбут ба Ӯзбекистон сабт гардидааст, барои дар қалби наслҳои оянда пойдор намудани ваҳдати мутақобил замина хоҳад гузошт.

Муҳтарама КОМИЛОВА,

мухбири ӮзА.

Суратгир:

Ш. ТОҲИРОВ. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: