Ёде аз академики тоҷики Деҳқонобод

  • Ёде аз академики тоҷики Деҳқонобод
  • Ёде аз академики тоҷики Деҳқонобод
  • Ёде аз академики тоҷики Деҳқонобод
  • Ёде аз академики тоҷики Деҳқонобод

Академик Абдурасул Эргашевро, ки фарзанди як оилаи оддии тоҷик аст, дар ноҳияи Деҳқонобод хуб мешиносанд. Ӯ соли 1951 дар ин ноҳия таваллуд шудааст. Кӯдакии худро бо душвориҳо паси сар намудааст. Солҳои 1959-1969 дар мактаби таълими умумии рақами 1-уми ноҳия бо баҳои аъло таҳсил кардааст.

Ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ шеърнависиро машқ мекард ва орзу дошт, ки дар оянда шоир шавад. Аммо рӯзе тасодуфан дар маҷалла мақолаеро дар бораи олими машҳур Тошмуҳаммад Қорӣ-Ниёзӣ хонда, фикраш тағйир ёфт. Ба олим, ки дар ҷаҳон шуҳратёр гардида буд, ҳавас намуда, бо худ азм кард, ки «Ман ҳам олим мешавам!»

Ҳангоми таҳсил дар мактаб дар олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои физика ва математика фаъол иштирок мекард. Соли хатми мактаб аз фанни физика дар Олимпиадаи умумииттифоқӣ иштирок намуда, дар сатҳи минтақаи Осиёи Миёна натиҷаи беҳтаринро ба даст овард. Соли 1969 мактабро бо медали тилло хатм карда, ба факултаи механика-математикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил шуд.

Олими оянда аз курси сеюм бо соҳаи комилан нав – «Назарияи функсияҳои комплексии дискретӣ» машғул шуд. Бояд гуфт, ки он замон ин назария акнун ба илми математика ворид шуда буд ва дар Иттиҳоди шӯравӣ теъдоди ангуштшумори олимон, дар кишварҳои Англия, Олмон, Лаҳистон ва Ҷопон танҳо математикҳои маъруф бо он машғул буданд. Дар он айём аксар муҳаққиқон таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор Лев Волковский дар ин самт кори таҳқиқотӣ анҷом медоданд.

Назарияи нав Абдурасул Эргашевро дар ҳадде ба худ ҷалб карда буд. Ҳангоми хатми донишгоҳ дар мавзӯи марбут ба ин соҳа рисолаи дипломии худро бомуваффақият ҳимоя намуд. Ин кори илмӣ аз ҷониби Вазорати таҳсилоти олии ҷумҳурӣ баланд арзёбӣ гардида, А.Эргашев бо дипломи махсус мукофотонида шуд.

Бо як сухан, соҳаи нав тамоми ҳастии Абдурасул Эргашевро фаро гирифт ва ӯро ҳеч ором намегузошт. Мехост дар ин соҳа навгониҳои боз ҳам бештар эҷод намояд. Тӯли солҳо бо таҳқиқи назарияи муодилаҳои дискретӣ машғул шуда, ба офаридани методи Е-табдилҳо дар ҳалли муодилаҳои дискретии бисёртағйирёбанда, инчунин, якчанд модели он дар бахшҳои гуногун муваффақ гардид.

Соли 1983 дар фаъолияти илмии Абдурасул Эргашев гардиши бузург ба амал омад. Ҳамон сол таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Л. Аҳмадов ва номзади фанҳои физика-математика, дотсент А. Чумаков дар мавзӯи «Моделсозии равандҳои интиқоли бор бо автомобил ва вертолётҳо дар объектҳои хаттии дискретӣ» рисолаи номзадии худро дифоъ намуд. Соли 1991 бошад, рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя карда, ба унвони илмии доктори илмҳои иқтисодӣ сазовор гардид.

Корҳои илмие, ки аз ҷониби олими барҷаста А.Эргашев анҷом ёфтаанд, танҳо дар рӯйи коғаз намондаанд. Тадқиқотҳои ӯ бевосита дар амал татбиқ шудаанд ва ҳоло дар шароити душвору ҳолатҳои фавқулодда дар Сибири Ғарбӣ ва Шарқӣ, Шарқи Дур ва кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода мешаванд.

А.Эргашев тӯли солҳо дар Институти кибернетикаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар вазифаҳои муҳандис, муҳандиси калон, конструктори пешбар, ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ фаъолияти пурсамар намуда, дар рушди илму фан саҳми арзанда гузошт. Соли 1991 узви мухбирии Академияи муҳандисии Ӯзбекистон интихоб гардид ва соли 1992 узви ҳақиқии академия шуд. Ниҳоят, иқтидори илмии олим дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, соли 2002 ба унвони академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ мушарраф шуд. Ҷустуҷӯҳои пайвастаи олим дар роҳи илм ба ӯ обрӯю эътибор овард.

Эргашев дар давоми солҳо ба ҳайси президенти шуъбаи Академияи муҳандисии Ӯзбекистон дар Қашқадарё ва профессори Донишкадаи муҳандисиву иқтисодии Қаршӣ фаъолият намуда, дар рушди илму фан саҳми арзанда гузошт, олимони ҷавонро дастгирӣ кард ва барои тарбияи мутахассисони баландихтисос кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Илова бар ин, чанд сол ба ҳайси раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилоят фаъолият намуда, дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии байни миллатҳо, инчунин тарғиби урфу одат, анъана ва арзишҳои халқи тоҷик саҳми арзанда гузошт.

Мавсуф муаллифи як қатор китобҳои илмӣ мебошад. Даҳҳо докторон ва номзадҳои илм таҳти роҳбарии ин олими заковатманд корҳои илмии худро дифоъ кардаанд.

Меҳнати ҳалол ва фидокоронаи инсони фурӯтану хоксор, олиҷанобу дарёдил Абдурасул Эргашев дар рушди илму фан ва пешрафти ҷомеа ба таври шоиста арзёбӣ гардида, мавсуф бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шудааст. Ҳанӯз тақрибан сӣ сол муқаддам бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия осорхонаи олим ташкил гардида буд.

Абдурасул Эргашев соли 2021 дар 70-солагӣ аз олам чашм пӯшид ва аз ӯ номи неку корҳои бузурги илмӣ мерос монд.

Чанде пеш дар мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақам 5-уми ноҳияи Деҳқонобод ба муносибати 75-солагии зодрӯзи доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ Абдурасул Эргашев маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва илмӣ, аз ҷумла мудири котиботи ҳокимияти вилояти Қашқадарё Фирдавс Сатторов, роҳбари шуъбаи минтақавии Бунёди ҷамоатии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии назди Олий Маҷлис Фарҳод Асадов, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов Ҷумъа Ҳамроев, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис  Имомназар Турсунов, мутасаддиёни маркази миллию фарҳангии ҷумҳурӣ, инчунин пайвандони олим – бародараш Абдуқаюм Эргашев, хоҳараш Зиёда Эргашева ва писараш Иноят Эргашев ва дигарон иштирок намуда, аз мероси ғании илмии академик ёдовар шуданд.

Абдуқаюм БЕККАМОВ,

узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.

Вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: