Ҷазо

Алҳол мо дар қарни рушди илму техника ва ахбори технологӣ зиндагонӣ мекунем. Метавонем аз шабакаҳои интернет бемалол ва дар мавриди муносиб истифода барем, маълумоти заруриро сари вақт дастрас намоем.

Вале алҳол аз ин навишта мақсади мо дигар аст. Мехоҳем дар бораи зан-модар ва бонувон – ҷинси латиф ҳарф занем. Зеро вақтҳои охир дар шабакаҳои интернет доир ба амалҳои ношоистаи баъзе аз эшон ҳар гуна хабарҳои дилрешкунандаро хонда, ростӣ, нафратамон нисбати ин тоифа меафзояду дасту диламон аз дунё ях мегардад.

... Ин воқеаро ба ман зане нақл намуд. Назар ба гуфтаи вай ин ҳодисаи мудҳиш тақрибан 4-5 сол қабл рух дода будааст.

Дар ҳамсоягии ӯ пиразане  бо духтараш мезист. Баъди ду соли таваллуди духтарак шавҳараш  банохост бинобар бемории бедавое аз олам чашм мепӯшад. Ҳамсоязанак ба хотири фарзанди ягонаашро бе каму кост парвариш намудан ба саҳро баромада меҳнат мекунад. Ҳарчанд аз ҷойҳои гуногун хостгор меояд, ӯ дигар шавҳар намекунад. Фарзанди дилбандашро чун гавҳараки чашму гули ҳамешабаҳор ба камол мерасонад. Ниҳоят духтар ба камол мерасаду аз як хонадони баобрӯйи деҳа хостгор меояд. Модари мушфиқ барои бахти фарзанд розигӣ медиҳад. Лекин шарт мегузорад, ки  домод бояд дар хонаи ӯ зиндагӣ кунад, яъне хонадомод шавад. Зеро танҳост ва онҳо дар пирӣ мададгораш мешаванд.

Аз ин миён солҳо гузаштанд. Модари танҳо, ки  духтару домод барои ӯ хонаи алоҳида ҷудо карда буданд, даврони пирӣ  меронд. Синнаш аз 80 баланд шуд. Вале духтаре, ки модар бо ҳазор умеду орзу ба камол расонида буд, рӯз аз рӯз нағмаҳои бемаънӣ зоҳир мекард. Ниҳоят, ҳатто рӯйи фарзандро надида, шавҳарашро аз хона ронд ва ба кӯчаи айшу ишрат ворид гардид.

Модари пир ба ҳама сахтиҳову душвориҳо зиндагиро ба танҳоӣ мегузаронд.

Духтар барои он ки модар ӯро гоҳу ногоҳ «безобита» накунад, ба вай плитаи электрӣ ва боз барои хоҷатбарорӣ «горшок» харид.

...Шабе модари пирро, ки аз сабаби набудани барқ ва хирагии чашм ба ҷойи горшок рӯйи плита шистаасту аз қазо дафъатан барқ омадааст, ток мезанад. Духтари нозпарвардааш аз ин ҳол бехабар мемонад.

Субҳидам ҳамсояҳо аз бӯйи ғализе бедор гардида, шитобон ба хонаи ӯ ворид мешаванд ва мебинанд, ки ҷасади пиразан дар болои плитаи электрӣ дуд мекард. Духтар бошад, ҳанӯз масти хоб буд...

Баъди гӯру чӯби модар ӯ дар ҳавлии калону обод танҳо мемонад. Мегӯянд, ки муддати зиёде нагузашта ба васвосӣ гирифтор гардида, ба худкушӣ даст зад. Ҳеч кас ба имдоди вай нарасид...

Рӯзномахонони азиз, муроди мо аз нақли ин қисмати талх ба фарзандон таъкид кардани муносибати хуб бо наздикон, пайвандон ва алалхусус падару модар аст. Ҳарчанд хидмати падару модар кардан ва дуои неки онҳоро гирифтан қарзи мо – фарзандон мебошад.

Солеҳи МУҲАММАДҶОН,

вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: