Дар маркази «Ғамхорлик», ки дар ноҳияи Поп ҷойгир шудааст, таҳти мавзӯи «Ислоҳоте, ки дар маркази «Ғамхорлик» барои шахсони маъюб амалӣ шудаанд: натиҷаҳои амалӣ ва нақшаҳои оянда» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони масъули Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳбарони марказҳои «Ғамхорлик» аз тамоми минтақаҳои кишварамон иштирок карданд.
Директори марказ Сардор Ғиёсов оиди ислоҳот дар муассиса, шароити фароҳамовардашуда барои шахсони маълӯл лоиҳаҳои амалӣ дар асоси терапияи меҳнатӣ ва натиҷаҳои бадастомада дар рушди малакаҳои касбӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ кард.
Марказ барои 320 ҷой пешбинӣ шуда, айни замон зиёда аз 25 лоиҳаи касбӣ ва соҳибкорӣ дорад ва 200 сокинро дар бар мегирад. Лоиҳаҳои терапияи касбӣ дар мурғпарварӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ, моҳидорӣ, гидропоника, нонпазӣ ва дигар соҳаҳо ба сокинон дар рушди малакаҳои зиндагии мустақилона кумак мерасонанд.
Дар соҳаи иҷтимоӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. 54 нафар тавассути «ҳуҷраҳои таҳти назорати мураббӣ» ва хонаҳои хурде, ки дар муассиса таъсис дода шудаанд, барои зиндагии мустақилона омодагӣ мебинанд. Ҳамчунин, дар натиҷаи зангҳои видеоӣ, ки аз ҷониби кормандони иҷтимоӣ оғоз шудаанд, 98 сокин бо хешовандони худ алоқа карданд ва 64 нафар бо рухсатии кӯтоҳмуддат ба назди оилаҳои худ баргардонида шуданд.
Дар семинар иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд ва пешниҳоду ташаббусҳое, ки ба маъмулгардонии таҷрибаҳои пешқадам марказ дар минтақаҳо, рушди малакаҳои зиндагии мустақилонаи шахсони маъюб ва афзоиши фаъолияти онҳо дар ҷомеа нигаронида шудаанд, баррасӣ шуданд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.