Маросими истиқболи расмии Президенти Федералии Олмон баргузор гардид

  • Маросими истиқболи расмии Президенти Федералии Олмон баргузор гардид

Дар қароргоҳи «Кӯксарой» маросими бошукӯҳи истиқболи расмии Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, баргузор шуд.

 Дар майдони назди қароргоҳ дастаи қаровули фахрӣ саф орост. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақомро самимона истиқбол намуда, ӯро ба шоҳсуфа даъват кард.
Сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Олмон садо доданд. Сарони давлатҳо аз назди сафҳои қаровули фахрӣ гузашта, ҳайатҳои расмии кишварҳои худро ба ҳамдигар муаррифӣ карданд.
Пас аз анҷоми маросим ва аксбардории муштарак, музокироти сатҳи олӣ оғоз гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: