Таътили тобистона дар оғӯши табиат ва фарҳанг

Солҳои охир ба рушди пойгоҳи моддиву техникии марказҳои маданият ва истироҳати пойтахт, таъмир ва ҷиҳозонидани онҳо эътибори алоҳида дода мешавад. Ин марказҳо ба истироҳати пурмазмуни аҳолӣ, барои ба сатҳи баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, зиёд гардонидани дониш, истеъдод ва тафаккури онҳо хидмат мекунанд.

Маълум аст, ки хонандагони мактабӣ дар таътили тобистона ҳастанд. Барои пурмазмун ва шавқовар гузаронидани таътил дар ноҳияи Янгиҳаёт боғи маданият ва истироҳати Flowers Garden Park амал мекунад, ки дар он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Камина барои хуб гузаронидани рӯзи якшанбеи гузашта бо ҳамроҳи оила боғи мазкурро давр задем. Дар ҷараёни тамошо ходими истироҳатгоҳ Зафар Воҳидов таъкид кард, ки ин истироҳатгоҳ соли ҷорӣ аз нав таъмир гашта, моҳи март ба истифода супурда шуд. Арзиши лоиҳаи аз нав бунёд намудани он беш аз 2 миллиард сӯм буда, масоҳати боғ 18 гектарро ташкил мекунад.

Дар он аттраксионҳои аҷоиб, кӯлҳои сунъӣ, кортҳои теннис, амфитеатр ва фаввораҳои мусиқӣ, растаҳои ҳунармандиву заргарӣ, нуқтаҳои ширинивору яхмосфурӯшӣ ва китобхонаҳо барои истироҳаткунандагони наврас хидмат мерасонад. Барои бозии волейбол, баскетбол, футболи хурд, шоҳмот ва шашка майдончаҳои бозӣ мавҷуданд.

Боғҳои сарсабз, гулҳои рангоранг табъи истироҳаткунандагонро хуш мегардонад. Ин бобати хуб ба воя расидани ҷавонон, ҷисмонан ва маънан солиму комил ба воя расидани онҳо аҳамияти махсус дорад.

Ногуфта намонад, ки меҳмонони истироҳатгоҳ аз хидмати қаҳвахона, ошхона, дуконҳои савдо ва салони аккосӣ низ баҳраманд шуда метавонанд.

Далер Азизов,

мухбири «Овози тоҷик».

Шаҳри Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: