Робахон Маҳмудова раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуд

  • Робахон Маҳмудова раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуд
  • Робахон Маҳмудова раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуд

Дар ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлис мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон» номзад ба вазифаи раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, баррасӣ гардид.

Дар натиҷаи муҳокима қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлис қабул шуда, Робахон Анваровна Маҳмудова ба муҳлати бемаҳдуд ба вазифаи судя ва ба вазифаи раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муҳлати панҷ сол интихоб гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: