«МАРЯМЛӮЛӢ» – ҲУНАРПЕШАИ ШОИСТА

Роҳбари театри хусусии «Art house Hamsa» Илмира Раҳимҷонова, ки хонандагони рӯзнома ӯро тавассути филми «Чархифалак» дар нақши «Марями лӯлӣ» хуб мешиносанд, дар асоси Фармони Президенти Ӯзбекистон бо унвони ифтихории Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон сарфароз гардид.

28 майи соли равон бо Фармони Президенти Ӯзбекистон барои фаъолияти бисёрсолаи пурсамари илмиву эҷодӣ, истеъдоди фавқулодда дурахшон, саҳми шоистаашон дар баланд бардоштани иқтидори фарҳанги мамлакатамон ба гурӯҳе аз кормандони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва адабиёт мукофотҳои давлатӣ супурда шуданд. Ба ин муносибат дар Маркази байналмилалии конгрессҳои Тошканд бо вакилони соҳа вохӯрӣ барпо гардид. Дар маросими мазкур Президент ба мукофотонидашудагон унвонҳои ифтихорӣ, ордену медалҳоро ботантана супурд.

Дар байни тақдиршудагон ҳунарпеша, роҳбари театри хусусии «Art house Hamsa» Илмира Раҳимҷонова низ буд. Хонандагони рӯзнома ӯро тавассути филми «Чархифалак» дар нақши «Марями лӯлӣ» хуб мешиносанд. Дар зер ба ҳаводорони рӯзнома аз зиндагиву фаъолияти  Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон – Илмира Раҳимҷонова нақл мегардад.

Айёми бачагӣ

– Ман духтари кӯҳистониям ва аз он меболам. 27-уми сентябри соли 1969 дар деҳаи Бурҷимуллои ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд таваллуд шудаам,– суҳбатро оғоз намуд қаҳрамони мо. – Падарам ронанда, модарам кадбону буданд. Онҳо 7 нафар фарзанд (5 духтару 2 писар)-ро бо меҳрубонию ғамхорӣ калон карда, ба таъбире хуб хӯронидаву хуб пӯшонидаанд. Падарам шахси босавод, аз сиёсат бохабар ва санъатдӯст, махсусан, шефтаи филмҳои ҳиндӣ буданд. Ба Сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ муҳаббат доштанд. Бинобар ин, ба шарофати ин зани сиёсатмадор номи хоҳари калониамро Индира ниҳодаанд. Баъдан, ба хотири бо номи хоҳари бузургам ҳамоҳанг шудан номи маро Илмира гузоштаанд. Як додарам Раҷ ном дорад. Ин ном ба хотири актёри машҳури синамои Ҳиндустон – Раҷ Капур гузошта шудааст. Шояд таъсири санъатдӯстии падарам бошад, ки тақдир маро ба ин соҳа раҳнамун сохт. Зиндагии осудаи мо дер давом накард. Модарам ба касалие печиду аз олам гузашт. Он вақт ман 12-сола будам. Тамоми ташвишу гаронии зиндагӣ бар дӯши падарам афтида буд. Фикр мекунам, нисбати дигар аъзои оилаамон, азобҳои падарамро ман бештар ҳис мекардам. Хоҳари хурдиам ҳамагӣ якунимсола буд. Он рӯзу моҳҳо гӯё ғайричашмдошт маро чандин сол калонтару бофаҳмтар гардонда буданд...

Аз пайи касбомӯзӣ

 Илмира ва хоҳаронаш бо вуҷуди душвориҳои зиндагӣ мактабро бо баҳоҳои хубу аъло хатм намуданд.

 – Марги модарам водор намуд, ки ман касби духтуриро интихоб намоям, – суҳбатро идома дод ӯ. – Лекин аз имтиҳонҳо нагузаштам. Як сол дар кӯдакистони заводи трансформатори Чирчиқ кор кардам. Бо маслиҳати мудири кӯдакистон ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи омӯзгории Тошканд супоридам. Боз бахтам натофт. Он солҳо Индира донишҷӯйи омӯзишгоҳи ҷустуҷӯйи геологии Тошканд буд. «Ба сурудхонӣ лаёқат дорӣ, ба техникуми маданият ҳуҷҷат супор, умрат беҳуда нагузарад», – маслиҳат дод вай. Зеро он замон баъзе омӯзишгоҳҳо дертар ҳуҷҷат қабул мекарданд. Хуллас, ба техникуми маданият ҳуҷҷат супурда, талабаи ин маскани ҳунар шудам.

И. Раҳимҷонова баъди хатми техникум фаъолияташро дар дастаи фолклорию этнографии «Гулиёр»-и ноҳияи Бӯстонлиқ ҳамчун балетмейстер оғоз намуд. Дар ин миён ба шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи маданияти Тошканд дохил шуда, онро соли 1991 хатм кард. Дар кори дипломӣ нақши Нодирабегимро аз намоишномаи ҳамном бозида, сазовори баҳои баланди аъзои ҳакамон мегардад ва бо маслиҳати онҳо аз соли 1994 ба дастаи хори Театри давлатии мусиқии ба номи Муқимӣ ҳамчун ҳунарманди хор ба кор медарояд.

Дертар фаъолияташро дар киностудияи «Ӯзбекфилм» ба сифати шогирди коргардон ва сенариянавис Собир Назармуҳаммедов идома дод. Инчунин, дар филмҳои «Санҷишҳои муҳаббат» (қисмҳои якум ва дуюм), «Наход туӣ»-и Рустам Саъдиев, филмҳои бадеии «Сарвиноз», «Фотима ва Зуҳра»-и Баҳром Яъқубов, «Талоши хунин»-и Музроб Боймуродов, «Лочинҳо»-и Умед Ҳамдамов ва «Баракот диҳад»-и Фарҳод Худойберганов ба ҳайси ёвари коргардон фаъолият бурдааст.

Нақше, ки шуҳратёраш кард

Соли 1997 наворгирии силсилафилми «Чархифалак»-и Шароф Бошбеков оғоз гардид. Коргардони филм Шавкат Ҷунайдуллоев Илмира Раҳимҷоноваро барои иҷрои нақши «Марями лӯлӣ» даъват намуд. Барои санҷиш ба ӯ иҷрои монолог дар лавҳаи «бозистодани дили Эгамқул»-ро супурданд. Иҷро ба режиссёр хуш омад.

– Пеш аз он ки бо ин нақш ошно шавам, лозим омад, ки чанд моҳ бо ҳаёти қавми лулӣ аз наздик шинос шавам. Ба ин мақсад коргардон фармуд, ки ба маҳалҳои лӯлинишин рафта, рафтору гуфтугузор, муносибати байниҳамдигарӣ, умуман, ҳаёти онҳоро омӯзам. Он солҳо ҷавон будам, худам мустақил барои гуфтугузор бо ин қавм таҷрибаи кофӣ надоштам, аниқтараш ба дилам ваҳм афтида буд. Аз ин рӯ, дар ин кор коргардон ҳамроҳӣ мекард. Бад-ин минвол ҷараёни наворгирӣ оғоз ёфт. Наворбардорӣ ду-себорӣ такрор меёфт. Ҳунарпешагони машҳури Ӯзбекистон, иҷрогарони нақшҳои асосӣ устодон – Ёқуб Аҳмедов, Карим Мирҳодиевҳо таскин медоданд, ки ман аз ӯҳдаи иҷрои ин нақш ба хубӣ мебароям. Тавре коргардон, ҳангоми шиносоӣ бо нақши «Марями лӯлӣ» таъкид намуда буд, нақши мазкур дар асар нақши асосӣ нест, вай як персонаж, гӯё сояест, ки бояд бо Эгамқули ба кӯчаи сарбаста даромада ҳамқадам шавад ва дар вазъиятҳои душвор ба ӯ кумак расонад. Филм моҳи сентябри соли 1998 ба экран баромад. Пеш аз он ҳунарпеша  Карим Мирҳодиев нимҳазлу нимҷиддӣ гуфта буд: «Баъди ба омма ҳавола намудани филм «тайёр бош ба он ки тамошобинон туро чӣ тарз қабул мекунанд». Дарҳақиқат, баъди намоиш дода шудани филм, ҳатто, ба кӯча баромада натавонистам. Дар куҷое, бо кӣ рӯ ба рӯ наоям, мегуфтанд: «ана, лӯлӣ – Марям». Баъзеҳо, беибо, мепурсиданд: шумо оё аслан лӯлиед? Чандин вақт худро аз ҷомеа дур гирифтам. Баъзан мегиристам. Ҳамкорон бошанд, табрик мекарданд. Дар оғоз ман ин ҳолатро муваффақият ё комёбӣ қабул намекардам. Аммо баъдтар ба нақши иҷрокардаам меҳр мондам, чанд муддат бо он рӯҳият зистам. Бовар надоштам, ки ин нақш маро машҳур мекунад. Инак, ба он ҳам қариб 30-сол шуд...

Илмира Раҳимҷонова соли 2002 дар шабакаи телевизионии «Ёшлар» барандаи барномаи «Номаҳои аскар», солҳои 2018-2020 дар Театри давлатии ҳарбии «Турон»-и Маркази фарҳанг ва маорифи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ актриса буд. Чанд сол дар студияи «Ӯзбекфилм» низ фаъолият дошт. Дар филмҳои миллии «Забарҷад», «Девори иблис», «Чаёнгул», «Соҳили пазмонӣ», «Санҷишҳои муҳаббат», «Ойдиной», «Фаришта», «Ду ҳазор суруди Фарида» нақшҳои ҷолиб бозид. Филми «Ду ҳазор суруди Фарида», ки дар он актриса нақши Ҳуснияро бозидааст, аз ҷониби Ӯзбекистон барои номинатсияи «Беҳтарин филми байналмилалии бадеӣ» дар 94-умин ҷоизаи Оскар иштирок кардааст. Соли 2017 дар тақдимоти «Эътироф – 2016» Илмира «Беҳтарин киноактрисаи сол» дониста шудааст. Барои хидматҳои шоёнаш дар соҳаи кино ва офаридани симоҳои хуб, алалхусус, барои роли «Тумарис» соли 2019 бо ордени «Дӯстлик» тақдир гардид.

Эътироф ва имкониятҳо ба аҳли эҷод

Тавре ки зикр шуд, дар қатори гурӯҳе аз кормандони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва адабиёт Илмира Раҳимҷонова низ бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон сарфароз гардонда шуд.

– Он рӯз барои ман ва бовар дорам барои ҳамаи иштирокдорони ин ҷамъомад рӯзи таърихӣ буд. Ин гуна эътибор ба соҳаи фарҳанг, маданият ва санъат то ба имрӯз ба назар нарасида буд. Барои меҳнати камтаронаам сазовори унвон гардидам, ки он дар қатори дигар ҳамкасбон ба ман низ неруи эҷодӣ бахшид, – мегӯяд ӯ. – Баромади Президент дар ин вохӯрӣ хотирмон буд. Иштирокдорон ӯро бо кафкӯбиҳои бардавом дастгирӣ карданд. Баъди шунидани суханони сарвари давлат бори дигар итминон ҳосил намудам, ки касби ба ҷамъият фоидаоварро интихоб кардаам. Дар вохӯрӣ Президенти муҳтарам барои фаъолияти муфиду пурмаҳсули аҳли адабиёту маданият аз фароҳам овардани як қатор имконот, алалхусус, дар соҳаи театр дарак дод. «Дар шароити тараққиёти кунунии техникӣ, маҷрои мураккаби ҷараёни сиёсие, ки дунёро фаро гирифтааст, маданият, санъат барои маънавияти халқ ва тарбияи ҷавонон мавқеи муҳим доранд, дар ин гуна шароит китоб, театр, кино, мусиқӣ ва адабиёт аз муҳимтарин воситаҳои таъсиррасонии таҳкими иммунитети маънавии ҷамъият мебошанд», гуфт роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев. Ин гуфтаҳо водор месозад, ки мо самти асосии фаъолияти худро ба тарбияи маънавии ҷамъият равона созем. Касби ман ифтихори ман аст. Ман минбаъд ҳам бо нақшҳои таъсирбахше, ки маънавияти баланди миллиро ифода менамоянд, ба халқи худ хидмат хоҳам кард.

Гулҷаҳон Кабирова,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: