Ҷангале, ки аз ҷониби Александр Федин бунёд шудааст, ба "Боғи дендрологӣ" табдил дода мешавад

Дар минтақаи ҷангали аз ҷониби эколог Александр Федин дар ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарё бунёдшуда "Боғи дендрологӣ" таъсис дода мешавад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим хабар дод.
Тибқи гузориш, мушовири президент оид ба масъалаҳои экологӣ - раиси Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов бо Александр Федин дар минтақаи обанбори "Оқтеппа" мулоқот карда, боғи таъсисдодаи ӯро аз назар гузаронд.
Дар ҷараёни мулоқот эълон шуд, ки Александр Федин таҳти ҳимояи давлат қарор дорад ва инчунин аз ҷониби Агентии ҷангали назди Кумитаи экология ба кор қабул карда мешавад.
Ғайр аз ин, дар минтақаи атрофи обанбори "Оқтеппа", ки солҳои тӯлонӣ бунёд шудааст ва дар он дарахтони нодир, ҳайвоноти ваҳшӣ, паррандагон ва дигар объектҳои гуногунии биологӣ ҷойгиранд, "Боғи дендрологӣ" таъсис дода мешавад.
Бо назардошти солҳои зиёди кор, саҳм дар ҳифзи табиат ва мақоми иҷтимоии ӯ, дар қаламрави боғ барои Александр Федин як хонаи хурд бо тамоми шароити зарурӣ сохта мешавад. Ҳамзамон, барои кормандони боғ шароити муносиби корӣ фароҳам оварда мешавад, ки бо квадрициклҳо таъмин карда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: