Тибқи маълумоти агентии иттилоотии Kazinform, коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2050 қариб нисфи аҳолии ҷаҳон ба ягон шакли аллергия гирифтор хоҳанд шуд.
Солҳои охир паҳншавии аллергия дар ҷаҳон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Агар пештар ин беморӣ нисбатан кам ба назар мерасид, имрӯз он ба як мушкили ҷиддии тиббию экологӣ табдил ёфтааст. Мутахассисон ин равандро пеш аз ҳама ба урбанизатсия(шаҳршавӣ), коҳиш ёфтани сифати ҳаво, афзоиши партовҳои саноатӣ ва истифодаи бештари маводи кимиёвии маишӣ вобаста медонанд.
Ба гуфтаи коршиносон, чунин омилҳо ҳассосияти организми инсонро зиёд намуда, боиси пайдо шудани аллергенҳо ва ангезандаҳои нав мегарданд. Масалан, дар баъзе кишварҳои Аврупо сатҳи аллергияи ғизоӣ ба 20 фоиз расида, бахусус ҷавонон бештар ба он осебпазиранд.
Ин тамоюл танҳо ба кишварҳои аврупоӣ ё кишварҳои ҳамсоя маҳдуд намешавад. Дар Ӯзбекистон низ солҳои охир шумораи шахсони гирифтори бемориҳои аллергӣ, махсусан кӯдакон, рӯ ба афзоиш дорад. Табибон яке аз сабабҳои асосиро дар зиёд шудани ифлосшавии муҳити зист, тағйирёбии тарзи зиндагӣ, истифодаи маҳсулоти дорои иловаҳои кимиёвӣ ва кам шудани робитаи инсон бо муҳити табиӣ медонанд.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирии аллергия ба тозагии муҳити зист, ғизои солим, фаъолияти ҷисмонӣ ва ташхиси саривақтии бемориҳои аллергӣ диққати бештар дода шавад.