Мӯйсафед аз деҳаи дурдасти Оқсой қабл аз арзи мақсад ба ходими қабулхона гуфт, ки овозаи тарзу усулҳои табобати аҷибу ғайритабиии табибро муқаддам шунида буд, вале он замон имкон надошт, ки ба ноҳияи Самарқанд ояд. Чун, ба қавле, «корд ба устухон расид»’ ноилоҷ ба умеди шифо назди Фаррух Обидов омадааст.
Табиби соҳибтаҷриба Фаррух Ҳамидович шикояти мӯйсафедро шунид.
Сипас ба ҳамшираи шафқат Тозагул Аҳадова супориш дод, ки беморро дар утоқи алоҳида ҷойгир кунанд ва таъҷилан ташхис кунанд.
Мӯйсафед асозанон ҳамроҳи ҳамшира аз зинапояҳо бо душворӣ нафаскашон поён фуромад. Табиб ба ӯ нигоҳ карда, ба гирдоби хаёл ғарқ шуд.
Солҳои охир на фақат аз ноҳияҳои вилояти Самарқанд, ҳатто аз гӯшаву канори дурдасти Ӯзбекистон, ҳатто Тоҷикистон ҳам ба шифохона меоянд. Усули табобати ӯ аз даҳон ба даҳон ва тавассути «оинаи нилгун» ба чор тараф паҳн шудааст.
Дар чунин лаҳзаҳо суханони шифокори машҳур Кончаловскийро ба хотир меоварад: «Нависандаи беҳунар, санъаткори суст ва ҳунарпешаи каммаҳорат будан мумкин, вале табиби бад будан ҷиноят аст».
Фаррух Обидов соли 2001, баъди хатми мактаби миёнаи рақами 41-уми ноҳияи Самарқанд ба Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд дохил шуда, аз устодони сахтгир Рустам Самеъбоев, Азиза Ҷӯрабекова, Шуҳрат Ниёзов ва дигарон асрори касби рӯҳшиносиро ҳаматарафа омӯхт. Чанд муддат дар шифохонаи эҳёи вилоят ҳамчун мудири шуъба, дертар ҷонишини сардухтур кор кард. Ҳоло мудири шуъбаи терапия ва неврологияи шифохонаи Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Самарқанд аст.
– Маро дуои хайри волидайн ба чунин мартаба, вазифаи пурмасъулияту шарафманд расонд, – мегӯяд Фаррух Обидов, – меҳру муҳаббати инсонҳое, ки ба умед меоянд, водор сохт, ки ба омӯхтани асрори рӯҳии онҳо ҷиддӣ машғул шавам, то ба дардмандон шифои комил бахшам. Бояд гӯям, ки ҳангоми такмили ихтисос дар шаҳрҳои Тошканд, Маскав, Душанбе бисёр чизҳоро омӯхтам.
Чанде пеш аз деҳаи дурдасти Оқсой мизоҷе омад ва ба дарди худ даво ёфт. Ҳоло ӯ худро хеле хуб ҳис мекунад.
Ҳар як шифокор аз он, ки мизоҷи табобаткардаашро хушу хурсанд ва розӣ мебинад, дучандон шод мешавад, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Зоҳир Ҳасанзода,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.
Дар акс: табиб Фаррух Обидов бо ҳамкасбон.
Аксбардор: Баҳодури Зоҳир.