Дар минтақаи махсуси саноатии «Янги Авлод»-и шаҳри Тошканд сохтмони корхонае оғоз гардид, ки ба истеҳсоли роботҳои гуманоид ва ҷузъҳои онҳо ихтисос дорад. Оғози татбиқи ин лоиҳа дар доираи Форуми V байналмилалии сармоягузории Тошканд эълон шуд.
Дар маросими гузоштани санги асоси иншоот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев, муовини вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Илзат Қосимов, сафири Ҷумҳурии Корея дар Ӯзбекистон Вон До Ён ва президенти ширкати кореягии ROBOTIS Ким Бён Су иштирок намуданд.
Ширкати ROBOTIS, ки соли 1999 таъсис ёфтааст, аз ҷумлаи пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаи робототехника ба шумор меравад. Арзиши дороиҳои он тақрибан 2,5 миллиард долларро ташкил дода, дар Иёлоти Муттаҳида, Ҷопон ва Чин намояндагиҳо дорад.
Технологияҳои таҳиянамудаи ширкат аз ҷониби ширкатҳои маъруфи байналмилалӣ, аз ҷумла Amazon, Microsoft, Apple, NASA, Google, Samsung ва BMW васеъ истифода мешаванд.
Ба гуфтаи масъулон, татбиқи ин лоиҳаи стратегӣ барои рушди саноати технологияҳои баланд дар Ӯзбекистон мусоидат намуда, беш аз ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам меорад. Ҳамчунин, он ба ҷалби технологияҳои пешрафта ва таҷрибаи байналмилалӣ ба кишвар замина мегузорад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки амалишавии чунин ташаббус метавонад Ӯзбекистонро ба яке аз марказҳои муҳими робототехника дар Осиёи Марказӣ табдил диҳад.