Ба назарам, барои муносибатро нисбат ба китоб тағйир додан ба омӯзгорон, аҳли маориф ва зиё такя намудан лозим аст. Яъне тарғибгарони китоб ҳар чӣ қадар бо фазлу дониш бошанд, ҳамон андоза ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил хоҳем гашт.
Бояд гуфт, ки чопи китоб ва фурӯши онро ба роҳ мондан танҳо тиҷорат нест. Сарфи назар аз он, ки китоб ба кадом жанр мансуб, онҳо барои баланд бардоштани маънавияти мо аслиҳа ба ҳисоб мераванд. Ин чизро мо бояд бо масъулият эҳсос намоем. Зарари иқтисодиро ҷуброн кардан мумкин, вале зиёни маънавиро пӯшондан имконнопазир аст.
Қадри сухану адабиётро ҳар қадаре ки боло бардорем, фарҳангу маънавиятро ҳамон қадар ғанӣ мегардонем. Дар он сурат, бачаҳои мо ба ҳар гуна корҳои зишт даст намезананд, аз кӯчаҳои ҷиноят фарсахҳо дур мегарданд.
Инсони худшиносу худогоҳ ба дарки моҳияти мафҳумҳои модар, Ватан, ватанпарварӣ қодир аст. Инсон як бор ба дунё меояд, баҳри ҳамчун шахс ташаккул ёфтани ӯ муҳит таъсири калон мерасонад. Зеро ӯ аз одамон, атрофиён ибрат мегирад. Ин омилҳо барои дар ҷомеа мавқеъ ёфтани ӯ аҳамияти калон дорад.
Адабиёти асили бадеӣ барои додани ҳамин фикру хулосаҳо нақши муҳим дорад. Он дар вуҷуди инсон фазилатҳои нек, одобу ахлоқи ҳамидаро бо тадриҷ тарбия мекунад.
Касе, ки аз ин мизонҳо маҳрум аст, дар ҷомеа на танҳо як коргари ҳалол, ҳатто инсони комил шуданаш амрест муҳол.
Дар тинати касоне, ки ин гуна фазилатҳои нек ташаккул намеёбад, дар ҷомеа низ маънавият ва иқтисодиёти комил ба вуҷуд нахоҳад омад.
Дар он сурат дар ин қабил ҷомеа як қишри бад, ҳақи мардумхӯр, қаллоб ба вуҷуд меояд.
«Китоб боли тафаккур аст» – гуфта буд нависандаи донишманди мо Ойбек. Мо ҳоло ба давраи нав қадам мегузорем. Дунё боз пайи донишу интеллект кӯшиш менамояд. Инсониятро танҳо илму тафаккур метавонад наҷот диҳад.
Китобдӯстӣ, мутолиаи он, баҳрамандӣ аз маънавияту маърифат ба муҳити оила низ вобастагии қавӣ дорад. Дар оилае, ки китобро қадр мекунад, фарзандон ҳам бо фазлу дониш мешаванд. Дар он оилаҳо,ба қавле, одамони зиёӣ ба камол мерасанд.
Бо мурури вақту замон ҳаргуна ихтироот ва чизи нав ҳам кӯҳнашавӣ дорад. Аммо китоб аз ин мустасност. Зеро китоб инсонро сӯйи камолот мебарад.
Маҳбуба Аясова,
ходими Маркази ахбору китобхонаи ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.