Дар Хоразм филиали Донишгоҳи омӯзгории Ляонини Чин таъсис меёбад

Дар вилояти Хоразм филиали Донишгоҳи омӯзгории Ляонин таъсис дода мешавад. Қарор аст фаъолияти таълимӣ дар ин муассиса аз соли таҳсили 2026–2027, пас аз гирифтани иҷозатномаи дахлдор, оғоз гардад.

Таҳсил дар филиал дар асоси шартномаи пулакӣ ба роҳ монда мешавад. Ба хатмкунандагон дипломи филиал дода мешавад, ки ҳамчун ҳуҷҷати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътироф мешавад.
Маблағгузории фаъолияти филиал аз ҳисоби маблағҳои шартномаҳои таҳсил, субсидияҳо ва грантҳои ҷониби Чин дар соҳаи маориф, маблағҳои буҷети давлатӣ, сарпарастӣ, даромад аз тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ ва дигар манбаъҳои қонунӣ амалӣ карда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: