Сурхондарёи нав дар оинаи мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав»

  • Сурхондарёи нав дар оинаи мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав»
  • Сурхондарёи нав дар оинаи мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав»

Имрӯз Ӯзбекистони Нав бо қадамҳои устувору боварибахш сӯи фардои ободу шукуфон пеш меравад.

 Маҳз бо ин мақсад ва барои беҳтар намудани шароити манзилии аҳолӣ, суръат бахшидан ба сохтмони биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, инчунин шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ дар минтақаҳо Фармони Президент аз 9 декабри соли 2021 «Дар бораи чораҳои сохтмони мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо» имзо шудааст. Барои таъмини иҷрои фармони мазкур тӯли чанд соли охир дар шаҳру навоҳии кишвар шаҳракҳои наву муосири «Ӯзбекистони Нав» қад афрохта, дар онҳо барои зисти мусоиди мардум шароит ва имконоти зарурӣ фароҳам мегардад. Аз ҷумла, то ба кунун дар чаҳор ноҳияи вилоят – Бойсун, Ангор, Сариосиё ва Ҷарқӯрғон мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Алҳол дар ноҳияи Тирмиз низ сохтмони мавзеи панҷуми «Ӯзбекистони Нав» идома дорад.

БОЙСУН

Бойсун калонтарин ноҳия дар миқёси вилоят мебошад. Қисми асосии ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил мекунанд. Бойсун аз маркази вилоят дар масофаи қариб 150 километр ҷойгир буда, релефи ноҳамвор дорад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар солҳои пеш аз истиқлол ва баъд низ сохтани биноҳои баландошёна дар ин минтақа дар нақша набуд. Вале чун Фармони Президент дар бораи бунёди мавзеи «Ӯзбекистони Нав» ба имзо расид, дар ин ҳудуд низ сохтмони биноҳои баландошёна оғоз ёфт. Соли 2022 ба пойдевори мавзеи нав хишти аввал гузошта шуд ва корҳои бунёдкорӣ то охири соли 2024 идома ёфт. Ҳудуди мавзеъ 7,7 гектар майдонро ташкил намуда, дар ин ҷо 10 бинои 5-ошёнаи босифат, мустаҳкам ва дорои ҳама гуна шароит қад рост кард. Муассисаи таълими томактабӣ барои 150 нафар, мактаби таълими умумии дорои 1680 ҷой бунёд гардида, ҳоло фаъолияти босамар доранд.  Инчунин, дар мавзеи «Ӯзбекистони Нав» бинои маҳалла, поликлиника, 2 коргоҳи қаннодӣ, 14 мағоза ва дигар нуқтаҳои маишӣ-хидматрасонӣ сохта шудааст.

АНГОР

Ноҳия дар канори шоҳроҳи Тирмиз – Тошканд ҷойгир буда, вақте номи онро ба забон мегирем, пеши назари аксар як шаҳри тиҷоратӣ намоён мешавад. Бахусус, дар бозори ноҳия, ки хеле обод аст, нарху наво табъи дили мизоҷон мебошад.

Ба ин бозор аз тамоми навоҳии вилоят ва ҳатто аз шаҳри Тирмиз харидорон меоянд ва барои эҳтиёҷи худ ё роҳандозии тиҷорат, маҳз аз ин бозор харид мекунанд.

Бо вуҷуди ин, то чанде пеш маркази ноҳия ва атрофи он чандон ободу зебо набуд. Кӯчаҳо ба таъмиру навсозӣ ниёз доштанд, аксари биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ дуошёна буда, сатҳи хизматрасонӣ низ ба талаботи рӯз пурра ҷавоб намедоданд.

Бо мақсади беҳтар намудани симои шаҳр ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои аҳолӣ, дар асоси Фармони Президент дар минтақаи «Шаҳар гули» бунёди мавзеи «Ӯзбекистони Нав» аз ибтидои соли 2022 оғоз ёфтанд.

Дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии бинокорон ва мутахассисон, 28 августи соли 2023 ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ мавзеи «Ӯзбекистони Нав» мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Дар ин ҳудуд 52 бинои панҷошёнаи замонавӣ ва барҳаво бо тамоми шароити мусоиди зист қомат афрохтанд.

Ҳамзамон, муассисаи таълими томактабии сеошёна барои 200 нафар кӯдак ва мактаби замонавӣ барои 1250 нафар хонанда бунёд гардида, ба истифода супорида шуданд.

Мавзеи «Ӯзбекистони Нав» ба яке аз рамзҳои ободкорӣ ва созандагӣ дар ноҳия табдил ёфта, ҳамчун туҳфаи арзишманд ба сокинон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардид.

САРИОСИЁ

Дар ноҳия мавзеи «Ӯзбекистони Нав» дар ҳудуди маҳаллаи «Лутфкор» бунёд гардида, дар канори шоҳроҳи байналмилалии Деҳнав – Душанбе қарор дорад. Азбаски мавзеъ дар шафати шоҳроҳ аст, ба ободонӣ, зебоӣ ва инфрасохтори он таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардидааст.

Масоҳати умумии мавзеъ 31 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҳудуд 19 бинои замонавии нӯҳошёна бунёд шудааст. Манзилҳои истиқоматӣ пеш аз ҳама барои оилаҳои камдаромад пешбинӣ гардидаанд. Хонаҳо бо тамоми имконоти зарурии муосир таъмин буда, барои зиндагии осуда ва бароҳат мусоид мебошанд.

Дар ҳудуди мавзеъ муассисаи таълими томактабӣ барои 180 нафар сохта шудааст, ки тарҳу намои зебо дорад. Майдончаи варзишӣ низ барои машғулият ва истироҳати хурдсолон мувофиқ мебошад.

Ҳамчунин, ду муассисаи таълимӣ, ки ҳар кадоме барои 660 нафар хонанда пешбинӣ шудаанд, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Бинои дуошёнаи Маркази ахбор-китобхона низ барои дӯстдорони китоб ва сокинони мавзеъ туҳфаи арзишманд ба шумор меравад. Дар ин ҷо барои мутолиа, омӯзиш ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ шароити зарурӣ фароҳам гардидааст. Кинотеатри замонавӣ бо ғунҷоиши 50 нафар низ ба яке аз марказҳои фарҳангиву фароғатии сокинон табдил ёфтааст.

Яке аз паҳлӯҳои фарқкунандаи ин мавзеъ аз дигар мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» дар он аст, ки дар ҳудуди Ҳурватан дар масоҳати 3 гектар бо ташаббуси Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго» ва шуъбаи «Тӯпаланг» «Боғи ҷавонон» бунёд гардидааст. Имрӯз ин боғ ба макони дӯстдоштаи истироҳату фароғати ҷавонон ва дигар сокинон табдил ёфтааст.

Дар ин гӯшаи сабзу хуррам фаввораи мусиқӣ низ сохта шудааст, ки бо зебоӣ ва тарҳи нотакрор ҳар бинандаро мафтун месозад. Хусусан, дар шабонгоҳ, вақте ки чароғҳои рангоранг бо оҳангҳои мусиқӣ ҳамоҳанг мешаванд, манзараи дилфиребу фаромӯшнопазир падид меояд.

Хулоса, бунёди мавзеи «Ӯзбекистони Нав» барои сокинони ноҳия туҳфаи арзишманд маҳсуб ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардумро ба маротиб беҳтар намудааст. Хурду бузурги ин маҳал аз чунин ғамхорӣ ва сиёсати созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти кишвар барои фароҳам овардани чунин шароит арзи сипос менамоянд.

ҶАРҚӮРҒОН

Ноҳияи Ҷарқӯрғон яке аз ноҳияҳои бузурги Сурхондарё ба шумор рафта, қисми зиёди ҳудуди онро минтақаҳои даштиву биёбонӣ ташкил медиҳанд. Мавзеи «Ӯзбекистони Нав» маҳз дар яке аз чунин мавзеъҳо – дар ҳудуди Какайдӣ бунёд гардидааст.

Бояд гуфт, ки ин мавзеъ солҳои пеш як гӯшаи хароб буд. Мушкилот дар инфрасохтор ва шароит, ба рӯзгори сокинон низ таъсири манфӣ мерасонд. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё мардум дар ин ҷо танҳо аз рӯи маҷбурият зиндагӣ мекунанд. Аммо имрӯз вазъият ба куллӣ тағйир ва ин минтақа ба яке аз гӯшаҳои ободу замонавии ноҳия табдил ёфтааст.

Дар асоси Фармони сарвари давлат дар бораи бунёди мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» дар ин ҳудуд корҳои азими созандагиву ободонӣ роҳандозӣ гардида, ҳоло низ босуръат идома доранд. Масоҳати умумии мавзеи «Ӯзбекистони Нав»-и Ҷарқӯрғон 50 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа дар ин ҷо сохтмони 116 бинои баландошёнаи истиқоматӣ пешбинӣ шудааст.

То имрӯз 66 бино пурра мавриди истифода қарор гирифта, зиёда аз 1500 оила соҳиби манзилҳои наву замонавӣ гардидаанд. Алҳол дар 50 бинои дигар сохтмон идома дошта, то анҷоми сол ба истифода супоридани 14 бинои нави истиқоматӣ дар назар аст.

Дар баробари сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ низ диққати махсус зоҳир шудааст. Барои ҳифзи саломатии аҳолӣ бинои замонавии поликлиника бунёд гардидааст. Ҳамчунин, муассисаи таълими томактабӣ барои 180 нафар кӯдак, мактаби замонавӣ барои 330 нафар хонанда, бинои маҳалла, марказҳои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва забони англисӣ ба истифода дода шудаанд.

Мавзеъ бо оби нӯшиданӣ, шабакаҳои обёрӣ ва гази табиӣ пурра таъмин мебошад. Дар доираи лоиҳа беш аз 3,5 километр қубури газ кашида шуда, манзилҳои истиқоматӣ ба шабакаи гази табиӣ пайвастаанд.

Ба масъалаи беҳсозии муҳити зист низ аҳамияти махсус дода шудааст. Дар 4,5 гектар ҳудуди мавзеъ дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ, инчунин, бо назардошти шароити иқлимии ноҳия – бо мақсади муҳофизати муҳити зист ва коҳиш додани таъсири чангу ғубор дар майдони 300 гектар дарахтони саксавул шинонида шудаанд.

27 феврали соли ҷорӣ барои сокинони мавзеи «Ӯзбекистони Нав»-и Ҷарқӯрғон рӯзи фаромӯшнопазир гардид. Президент Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари корӣ ба вилояти Сурхондарё аз ин мавзеъ боздид намуда, бо рафти корҳои созандагӣ ва нақшаҳои рушди минбаъдаи минтақа аз наздик шинос шуд.

Сарвари давлат аз муассисаҳои таълими томактабиву мактабӣ, марказҳои омӯзишӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, «Боғи ҷавонон» ва шароите, ки дар манзилҳои истиқоматӣ муҳайё гардидаанд, дидан карда, барои боз ҳам беҳтар намудани корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтор тавсияҳо пешниҳод намуд. Ҳамчунин бо ҷавонони донишандӯз суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба омӯзиши илм, азхуд намудани касбу ҳунар ва истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда даъват кард.

Бо як сухан, ҳоло мавзеи «Ӯзбекистони Нав»-и Ҷарқӯрғон ба рамзи дигаргуниҳои азим, сиёсати созанда ва ғамхорӣ нисбат ба зиндагии мардум табдил ёфта, дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши муассир мегузорад.

ТИРМИЗ

Мавзеи «Ӯзбекистони Нав»-и ноҳияи Тирмиз панҷумин шаҳраки навбунёд дар Сурхондарё ба шумор рафта, бо бисёр ҷиҳат аз дигар мавзеъҳои вилоят фарқ мекунад. Ин шаҳрак дар канори шоҳроҳи Тирмиз – Тошканд, дар мавзеи Лимонзори маҳаллаи «Янгиобод» ва дар наздикии соҳили Амударё бунёд мегардад.

Ин мавзеъ қаблан низ аз гӯшаҳои зебо ва ободи ноҳияи Тирмиз маҳсуб меёфт. Сокинон онро Ипподром низ меномиданд. Солҳои пеш маҳз дар ҳамин макони хушбоду ҳаво ва хушманзара тантанаҳои Истиқлол ва ҷашни миллии Наврӯз баргузор мегардиданд. Насими форами Амударё, арчаҳои сарсабз ва табиати дилфиреб ба шукуҳи ҷашнҳо ҳусни тоза мебахшиданд. Имрӯз ин гӯшаи зебо боз ҳам ободтару дилработар мегардад.

Санги асоси мавзеи «Ӯзбекистони Нав» 18 апрели соли 2023 гузошта шудааст. Инак, се сол инҷониб дар мавзеъ корҳои сохтмон ва ободонӣ босуръат идома доранд. Масоҳати умумии лоиҳа 55,5 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 28,5 гектар ба мавзеи истиқоматии «Ӯзбекистони Нав» ва 27 гектари дигар ба «Боғи Ӯзбекистони Нав» рост меояд.

Тибқи лоиҳа дар ҳудуди мавзеъ 74 бинои баландошёна, ки аксар ҳаждаҳошёна мебошанд, бунёд мегарданд. Дар натиҷа, зиёда аз 6280 оила бо манзилҳои замонавӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамчунин сохтмони ду муассисаи таълими умумии замонавӣ барои 2640 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Дар оянда бунёди муассисаи таҳсилоти олӣ низ дар назар аст. Илова бар ин, сохтмони муассисаи таълими томактабӣ барои 420 нафар ва поликлиникаи оилавӣ барои 200 нафар, бунёди бозор, корхонаҳои хидматрасонӣ ва маҷмааҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар марҳилаи аввали татбиқсозии лоиҳа, ки 17 гектар масоҳатро дар бар мегирад, корҳои асосии сохтмон қариб ба анҷом расидаанд. Дар ин қисмат 18 бинои баландошёна қомат афрохта, қисми зиёди онҳо аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд. Имрӯз сокинон дар манзилҳои нав бо фароғат зиндагӣ мекунанд.

Яке аз иншооти муҳташами мавзеъ амфитеатри замонавӣ мебошад, ки барои зиёда аз 3 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Иншооти мазкур дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба истифода дода шуда, аввалин маротиба тантанаҳои асосии наврӯзӣ ва сайри умумии вилоят дар ҳамин ҷо баргузор гардиданд.

Дар қисми марказии маҷмааи амфитеатр Осорхонаи фарҳангии «Ӯзбекистони Нав» бунёд шудааст. Дар ду паҳлуи он утоқҳои кории кормандони амфитеатр ва муассисаҳои фарҳангӣ ҷойгиранд. Дар рӯ ба рӯи амфитеатр Парчами давлатӣ бо баландии 53 метр парафшон буда, ба ҳусни ин мавзеъ шаҳомати хос мебахшад.

То имрӯз дар 13 гектар замини атрофи амфитеатр ва дигар қисматҳои мавзеъ боғ, роҳрав ва гулгаштҳои замонавӣ бунёд гардиданд. Зиёда аз 10 ҳазор ниҳоли ороишӣ ва дарахтони қиматбаҳои манзаравӣ шинонида шуда, онҳо ба зебоии ин гӯшаи навбунёд ҳусни тоза зам намудаанд.

Барои обёрии майдонҳои сабз аз оби Амударё истифода мешавад. Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами шабакаи обёрӣ ва пешгирӣ аз осеб дидани таҷҳизот аз таҳшинҳои об, обанбори махсус бо ғунҷоиши 350 тонна бунёд гардидааст. Тамоми низоми обёрӣ ба таври автоматӣ фаъолият мекунад. Барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ бошад, оби тозаи Тӯпалангдарё тавассути шабакаҳои махсуси қубурӣ интиқол дода мешавад.

Имрӯз ҳар касе, ки аз шоҳроҳи Тирмиз – Тошканд мегузарад, биноҳои муҳташами баландошёна, амфитеатри замонавӣ, боғҳои сарсабз ва гулгаштҳои зебои ин шаҳраки навбунёдро дида, ба ҳашамату зебоии он мафтун мегардад.

Бо як сухн, мавзеи «Ӯзбекистони Нав» на танҳо намунаи равшани сиёсати созандагӣ ва шаҳрсозии муосир, балки рамзи дигаргуниҳои азими солҳои охир дар вилояти Сурхондарё низ ба шумор меравад.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори

«Овози тоҷик»

дар вилояти Сурхондарё.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: