Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дастурҳои навро оид ба ҳифзи аҳолӣ аз таъсири мавҷҳои гармӣ нашр намуд. Ба гуфтаи коршиносон, бо сабаби тағйирёбии иқлим ва густариши шаҳрсозӣ мавҷҳои гармӣ сол аз сол шиддат гирифта, ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ барои саломатии инсон табдил меёбанд.
Тибқи маълумоти СҶТ, танҳо дар минтақаи Аврупо тайи чор соли охир беш аз 200 ҳазор нафар бар асари гармии шадид фавтидаанд. Бештарин ҳолатҳои фавт дар Италия, Испания, Олмон ва Юнон ба қайд гирифта шудаанд.
Дастурҳои нав, ки аз ҷониби Дафтари минтақавии СҶТ барои Аврупо таҳия шудаанд, ҳам барои мақомоти давлатӣ ва ҳам барои аҳолӣ тавсияҳои мушаххасро ҷиҳати коҳиш додани хатари гармии шадид дар бар мегиранд.
Аз ҷумла, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад:
Хонаро хунук нигоҳ доранд – ҳуҷраҳоро шабона ва субҳи барвақт шамол диҳанд, аммо рӯзона, бахусус аз ҷониби офтобӣ, тирезаҳо ва пардаҳоро пӯшида нигоҳ доранд.
Аз хушкшавии организм пешгирӣ кунанд – дар давоми рӯз мунтазам об нӯшанд, ҳатто агар эҳсоси ташнагӣ надошта бошанд.
Либоси мувофиқ интихоб намоянд – либосҳои сабук ва васеъ аз матоъҳои табиӣ пӯшанд, инчунин ҳангоми берун будан аз кулоҳ ва кремҳои муҳофизатӣ истифода баранд.
Рӯзномаи худро ба гармӣ мутобиқ созанд – дар соатҳои гармтарини рӯз (аз соати 11:00 то 17:00) аз зери офтоби сӯзон ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар ҳуҷҷат зарурати такмили системаҳои огоҳкунии барвақтӣ дар бораи мавҷҳои гармӣ таъкид шудааст, то гурӯҳҳои осебпазир сари вақт аз хатарҳо огоҳ карда шаванд.
СҶТ дар баробари ин ба кишварҳо тавсия медиҳад, ки барои коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим партовҳои газҳои гулхонаиро кам намуда, майдонҳои сабзро дар шаҳрҳо васеъ кунанд, дарахтон шинонанд ва экосистемаҳои табиӣ, аз ҷумла дарёҳо, ҷангалҳо ва ботлоқзорҳоро ҳифз намоянд. Ба гуфтаи коршиносон, чунин тадбирҳо ба паст шудани ҳарорат дар маҳалҳои аҳолинишин мусоидат мекунанд