БИМОН АНДАР ҶАҲОНИ «ШОҲНОМА»

Асарҳое ҳастанд, ки дар шакли китоб чоп шуданашон ҳодисаест...

Сухан бар шоири фарзона зебад,

Ба марҷони сухан дурдона зебад.

Ба ҳар ҳарфу ҳиҷои «Шоҳнома»

Либоси маънии шоҳона зебад.

Асарҳое ҳастанд, ки дар шакли китоб чоп шуданашон ҳодисаест...

Чанде пеш аз тариқи нашриёти «Шарқи озод» (Душанбе) нашр гардидани дуҷилдаи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар ҳаёти маънавӣ-фарҳангии мо воқеаи муҳим гардид. Дар аннотатсияи он навишта шудааст: «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад аст, ки матни нисбатан мукаммали он бо иқдоми фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноии бештари мардуми тоҷик бо гузаштаи пурифтихори худ дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нашр ва ба ҳар хонавода туҳфа мешавад».

Сарсухани китоб бо унвони «Фурӯғи «Шоҳнома» дар ҳар хонадони тоҷик», ки ба қалами роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутааллиқ аст, чунин оғоз меёбад: «Шоҳнома»-и безаволи ҳакими суханвар Абулқосим Мансур ибни Ҳасан маъруф ба Фирдавсии Тӯсӣ (934–1020) ба иқрори донишмандони бузург ва адибони маъруфи ҷаҳон дар таърихи адабиёти башар як шоҳкории беназир аст».

Воқеан яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ба сифати муаллифи дурдонаи нодири адабиёти дунё – «Шоҳнома» дар таърих мондааст. Ин асар беҳтарин намунаи достонҳои қаҳрамонӣ буда, аз 60 ҳазор байт иборат аст ва шоир барои таълифи он бештар аз 30 соли умри азизашро сарф кардааст. «Шоҳнома»  – бузургтарин асари назмии аз ҷониби як нафар таълифёфта, аз рӯйи ҳаҷм «Илиада» ва «Одиссея»-и Ҳомерро қафо гузоштааст. Баробари ба бар намудани ҳарири санъати шаклии сухан ҳар байти ин шоҳасар ҷаҳон-ҷаҳон маъниву мазмунҳои баландро дар худ гунҷоиш додааст.

«Шоҳнома», ки фарогири воқеаву ҳодисаҳои вусъатнок дар давраҳои гуногун аст, яке аз серқаҳрамонтарин асар дар адабиёти дунёст. Фирдавсишиносҳо образҳои бисёрадади «Шоҳнома»-ро ба таври шартӣ ба се гурӯҳ ҷудо намудаанд: образҳои мифологӣ (Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас...), қаҳрамонҳои афсонавӣ (Сом, Наримон, Зол, Рустам, Гев, Бежан...) ва образҳои таърихӣ (Анушервон, Баҳром, Хусрави Парвиз, ки намояндагони сулолаи Сосониёнанд).

Қаҳрамони марказии «Шоҳнома», албатта, Рустами сиистонист (номи қадимиаш дар достонҳои бостонии «Ёдгори зарирон» ва «Дарахти асурик» –Ростаҳм). Вай аз авлоди шоҳҳо не, аз авлоди паҳлавонҳост. Фарзанди арзандаи қабилаҳои сак ва суғд аст, ки мағлубнопазир буда, бо номҳои Таҳамтан ва Ҷаҳонпаҳлавон низ машҳур мебошад. Чи шоҳон ва чи фуқаро дар симои ӯ як фарди наҷотбахшеро мебинанд.

Мухтасар дар бораи персонажҳои «Шоҳнома», ки дар  давраҳои гуногун салтанат рондаву мубориза бурда, бо амалҳои неку бад дар зеҳну хотири мардуми ориёинажод нақш гузоштаанд:

КАЮМАРС – аввалин инсоне, ки ба муқобили Аҳриман ва девҳои ӯ мубориза бурд. Писари ӯ Сиёмак дар яке аз набардҳо ҳалок гашт. Каюмарс қасоси писарашро аз девҳо ситонд. Баъди вафоти ӯ наберааш Ҳушанг (писари Сиёмак) ба тахт нишаст.

ҲУШАНГ ва ТАҲМУРАС. Ҳушанг оҳан ва оҳангариро кашф кард, мардумро ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва дигар корҳои фоидаовар даъват сохт. 40 сол ҳукмдорӣ кард. Баъди вафоти ӯ писараш Таҳмурас ба тахт нишаст. Девҳоро мағлуб сохт, дар мамлакат фаровониро таъмин намуд.

ҶАМШЕД баъди вафоти падараш Таҳмурас ба тахт нишаст, 700 сол подшоҳӣ намуд. Дар давраи салтанати ӯ мамлакат ба фаровонӣ расид, вале бо фитнаи Аҳриман ба мутакаббирӣ дода шуд. Худро ба Худо баробар донист.

ЗАҲҲОК – писари Мардос ном подшоҳи донишманд. Ӯ бо найранги Аҳриман дар Арабистон падари солхӯрдаашро қатл намуд, ба тахт нишаст, Эронро забт намуд. Ҷамшедро, ки фирор намуда буд, дастгир сохт ва сарашро аз тан ҷудо намуд.

Аҳриман ба қиёфаи инсон даромад, чун ошпаз ба Заҳҳок хидмат намуд, ба бовариаш даромад. Рӯзе бо иҷозати вай аз ду китфаш бӯсид. Ду мор аз китфони Заҳҳок  рӯйиданд.

Аҳриман ин бор дар қиёфаи табиб ба дарбор омад. Гуфт барои амон мондани ҷони Заҳҳок илоҷи ягона як-як куштани ҷавонони мамлакат ва бо майнаи онҳо бонӣ кардани морҳост.

КОВА – оҳангари одӣ. 18 писар дошт. 17 писараш туъмаи морони Заҳҳок шуд ва ба фарзанди охирин навбат расид. Вай бо ғазаб ба дарбор роҳ пеш гирифт, пешбанди чармиашро ба нӯги найза баст ва парчам сохт, халқро ба мубориза даъват намуд.

ФАРИДУН – писари Обгина (аз тухмаи Ҷамшед), ки баъди Эронро фатҳ кардани Заҳҳок ба кӯҳ гурехта буд. Вақте халқ аз паси Кова рафт ва исён бардошт, Фаридун ба кумак омад. Заҳҳок мағлуб гашт, ҷасади ӯ ба яке аз ғорҳои кӯҳи Дамованд афканда шуд. Фаридун ба тахт баромад.

Баъди он пешбанди чармии Кова ба ливои шоҳони Эрон табдил ёфт.

Фаридун се писар дошт – Салм, Тур ва Эраҷ. Падар кишварро ба се тақсим кард, ба Салм сомиҳоро, ба Тур турониёнро, ба Эраҷ эрониҳоро супурд.

Байни бародарон рашк ва адоват сар зад. Салм ва Тӯр Эраҷро ба қатл расонданд. Фаридун ба ғазаб омад.

МАНУЧЕҲР – набераи Эраҷ. Вай бо кумаки Наримон ва Сом ном паҳлавонҳо ниқори бобояшро ситонд, Салм ва Турро маҳв намуд. Фаридун ҳокимиятро ба вай тақдим намуд.

(Давом дорад). 

Муҳаммадҷон Шодӣ, шаҳри Тошканд

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: