Се кишвар протокол оид ба захираҳои об ва энергетикаро имзо карданд

Масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика, идоракунии ҳамоҳангшудаи онҳо ва таъмини бефосилаи аҳолӣ ва бахшҳои иқтисодӣ бо ин захираҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории доимӣ ва муколамаи созандаро тақозо мекунанд.

Бахусус дар мавсими тобистон, ки истеъмоли об ва неруи барқ афзоиш меёбад, аҳамияти ҳамкории минтақавӣ боз ҳам бештар мегардад.
Дар ҳамин замина, дар шаҳри Бишкек бо иштироки роҳбарони соҳаҳои обу энергетикаи Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҷаласаи навбатии корӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкорӣ дар бахши обу энергетика ва дурнамои рушди минбаъдаи онро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини фаъолияти устувори обанборҳо ва иншооти энергетикӣ дар мавсими тобистон, тақсимоти самараноки захираҳои об ва нигоҳ доштани тавозун дар таъминоти энергия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокдорони ҷаласа бо назардошти афзоиши аҳолӣ, рушди бахшҳои иқтисодӣ ва зиёд шудани талабот ба неруи барқ зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика таъкид карданд.
Дар анҷоми чорабинӣ протоколи муштарак оид ба таъмини кишварҳо бо захираҳои об ва энергетика барои моҳҳои июл–августи соли 2026 ба имзо расид.

Н. Зиёдуллоева, ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: