Дар шаҳри Гуйяни Чин марҳилаи дуюми Ҷоми World Boxing ба анҷом расид. Дар натиҷа, мунтахаби Ӯзбекистон соҳиби 11 медал — 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардид.
Хусусан дастаи мардонаи кишвар бо муваффақият баромад карда, бори дигар миёни дастаҳои мардонаи мусобиқа беҳтарин дониста шуд. Дар ҳисоби он 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ҷой гирифт.
Дар ҳисоби умумии даставӣ мунтахаби Чин бо 5 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷойи аввалро ишғол кард. Дастаи Қазоқистон бо 5 медали тилло ва 3 биринҷӣ дуюм шуд. Мунтахаби Ӯзбекистон бо 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ сегонаи беҳтаринҳоро ҷамъбаст намуд.
Ғолибон ва ҷоизадорони мунтахаби Ӯзбекистон:
Медалҳои тилло:
то 60 кг — Абдумалик Ҳалоков;
то 90 кг — Тӯрабек Ҳабибуллаев;
то 80 кг — Ҷавоҳир Умматалиев;
то 57 кг — Нигина Уктамова.
Медалҳои нуқра:
то 50 кг — Асилбек Ҷалилов;
то 48 кг — Фарзона Фозилова;
зиёда аз 80 кг — Олтиной Сотимбоева.
Медалҳои биринҷӣ:
то 85 кг — Акмалҷон Исроилов;
зиёда аз 90 кг — Арман Маханов;
то 60 кг — Ситора Турдибекова;
то 75 кг — Азиза Закирова.