НАҚШИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ДАР ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ

Донишмандон бар онанд, ки ҳавасмандгардонӣ ё рағбатноксозӣ дар тарбияи насли ҷавон нақши калидӣ дорад. Фикр мекунам, рағбатноксозии давлатӣ аз рағбатноксозии мардумӣ маншаъ гирифтааст.

 Мардуми тамаддунсози мо аз замонҳои хеле қадим дар оила – давлати кӯчак фарзандони худро, барои кору амалҳои некашон, аз нигоҳи моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардондаанд.
Вожаҳои «раҳмат», «офарин!», «қанд зан!», «саломат бош!», «зинда бош!» ва ҳоказо  подоши кору амал ва иқдомҳои неки хурдсолон аст, ки аз ҷониби бузургсолон дода мешавад. Рағбатноксозии моддӣ низ суди зиёде дар пай дорад. Ба мушоҳида гирифтаем, ки падару модарони оқил, барои кору амал ва иқдомҳои нек, аз ҷумла, хониши хубу аълои фарзандони худ, ба онҳо велосипед, пойафзор, либос ва дигар ашёеро, ки онҳо дар орзуяш будаанд, туҳфа кардаанд.

Аҳриманзодагон низ барои ба роҳи бад кашидани ҷавонон аз шеваи рағбатноксозии моддию маънавӣ истифода мекунанд...

Ёддоште дар ин мавзӯъ. Дар аҳди шӯравӣ «Карамел» аз конфетҳои арзону хушхӯр маҳсуб мешуд. Хоссатан, хурдсолон хӯрдани онро дӯст медоштанд. Ёдам ҳаст, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ – устод Хадича (Худо раҳмат карда бошад) шогирдони хубу аълохонро, дар баробари бо баҳои панҷ ва суханҳои ширини худ рӯҳбаланд намудан, ба онҳо якдонагӣ «Карамел» низ ҳадя мекард. Ин рағбатноксозӣ ба шогирдони сустхон таъсири мусбат дошт, онҳоро ба хубу аъло хондан  водор менамуд. Магарам устод хуб медонист, ки бача шириниро дӯст медорад...

Бояд бигӯем, ки рағбатноксозӣ дар сатҳи ҳукумат низ, агар одилона бошад, натиҷаи матлуб медиҳад. Вале агар мукофот ба носазоворон дода шавад, фикр мекунам, ҷамъият аз тараққиёт бозмемонад...

Фазои шабакаҳои иҷтимоӣ, дар муқоиса бо воситаҳои ахбори оммавӣ, озодтар аст. Аз ин рӯ, тавассути онҳо ба хонанда, дар баробари навиштаҳои ҷолибу мондагор, матолибе пешниҳод мегарданд, ки арзише надоранд. Аз нигоҳи инҷониб фазои маҷозӣ регтӯдаеро мемонад, ки дар баробари реги фаровон, дар канораш пораҳои зар низ дорад... Хонанда бояд дар фазои маҷозӣ регро аз заррезаҳо фарқ карда тавонад...

Чанде қабл дар фазои маҷозӣ, доир ба мавзӯи ҳавасмандгардонӣ, ба ду навиштаи ҷолиб рӯ ба рӯ омадам, ки маллифони онҳо Садриддин Ҳушёрӣ («Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз») ва Ҳотамалӣ Раҳматови сӯхӣ («Номаи миннатдорӣ ба Муҳаммад Шодӣ») буданд.

Оре, навиштаҳо дар бораи ҳамкори инҷониб – муҳаррири бахши иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзномаи «Овози тоҷик», адиби зуллисонайн, узви иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, барандаи медалу орденҳои давлатӣ ва муаллифи даҳҳо маҷмӯаҳои назмию насрӣ Муҳаммад Шодӣ буданд.

Шоир Садриддин Ҳушёрӣ дар нигоштааш яке аз фазилатҳои мавсуфро  дуруст арзёбӣ кардааст: «Муҳаммадҷон Шодӣ, ки дар ҳар кор сабру таҳаммул мекунанду аз буду набуд шукргузоранд, оҳиста-оҳиста ба ҳамаи орзуҳояшон мерасанд. Гӯё дар зиндагӣ шиорашон ин байти шоири классик Соиби Табрезӣ будааст:

Ба матлаб мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста,

Зи дарё мекашад сайёд дом оҳиста-оҳиста...»

Садриддин дар поёнтари навиштааш овардааст: «Дарк кардам, ки ин шахсияти шинохта се хислати ҳавасангез доранд: 1. Беш аз андоза хоксоранд, намоишкор нестанд, худашонро реклама намекунанд. 2. Агар ба меҳмонӣ даъват кунанду хоҳишашонро рад намоед, меранҷанд. Ба дасторхони он кас менигареду хулоса мекунед: инсонҳои заминӣ зиндагии одиву зебое доштаанд. «Кам бошаду ғам набошад, иқбол ин аст» шиори ҳамешагии устод мебошад. Гӯё байти зерини Муҳаммад Иқбол ба устод Муҳаммадҷон Шодӣ намунаи ибрат аст:

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

3. Агар бо ниёзе ба он кас рӯ оваред, ёрии беминнат мерасонанд.

Дасти хайру саховати устод ҳамеша боз аст.

Дарвоқеъ, мо сар ба гардуни тафохур месоем, ки устод дар майдони эҷод бо меҳнати ҳалол комёб гардидаанду имрӯз ба ризоияти Ҳақ таоло дасти хайру саховат боз намудаанд.

Моҳи ноябри соли сипаригардида ба мактаби рақами 14-уми ноҳияи Сӯх, ба хотири ҳавасмандгардонии толибилмон, устод Муҳамад Шодӣ ҳомигиро ба зимма гирифтанд ва таъкид намуданд, маблағро ба шогирдоне ҳадя кунем, ки хубу аълохонанд, ба урфу одат ва анъанаву арзишҳои миллӣ бефарқ нестанд, ба забони модарӣ арҷ мегузоранд. Барилова, хоҳиш карданд, ки дар ин хусус, ба қавле, «нақора назанем». Вале косаи сабрам тарак хӯрд. Хостам дигарон низ донанд, дар ин солу замона, ки аксарият ба дунболи пулу мол мегарданд, инсонҳои сахие низ ҳастанд, ки ба маънавият арҷ мегузоранд. Ба ин хотир дар фазои маҷозӣ хабаре коштам.

Ҷамоаи омӯзгорон ва хонандагони мактаби рақами 14-уми ноҳияи Сӯх ба устод арзи сипос менамоянд».

Ҳотамалӣ Раҳматов дар хабари хеш, ки «Номаи миннатдорӣ ба Муҳаммад Шодӣ» унвон дорад, аз ҷумла, нигоштааст: «Имсол дар чанд мактаби ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, аз ҷумла, мактаби рақами 11-ум бо ибтикори  фидоии матбуот, адиби маҳбуб Муҳаммад Шодӣ дар мактабҳои забони таълимашон тоҷикӣ стипендия ҷорӣ карда шуд. Стипендия дар давоми соли хониш ҳар моҳ ба донишомӯзони фаъол дода мешавад. Хонандагони зерин ба гирифтани стипендияи Муҳаммад Шодӣ ноил гардиданд: хонандаи синфи 6 – Санҷар Боботӯраев, хонандагони синфи 7 – Садбарг Аброрҷонова ва Ҳайитҷон Зайлиддинов, хонандагони синфи 9 – Гулшода Раҳматҷонова, Тавҳидпошшо Исоева, хонандагони синфи 10 – Райҳон Мирзоева ва Гулзора Аминова, хонандаи синфи 11 – Холинисо Бобошерова. Ба хонандагони мазкур ҳар моҳ 100 000 сӯмӣ стипендия дода мешавад.

Холинисо Бобошерова дар олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои забон ва адабиёт дар зинаҳои ноҳияиву вилоятӣ пирӯз гардида, дар зинаи ҷумҳуриявӣ шарафи вилоятро ҳимоя карда буд. Ба ин муносибат ӯ бо 500 000 сӯм сарфароз гардонда шуд.

Устод Муҳаммад Шодӣ, барилова, ба хотири баҳрабардории хонандагон, чор номгӯй китоби тозанашри худро ба китобхонаи мактаби мо  туҳфа намуданд.

Ҷамоаи омӯзгорон ва хонандагони мактаби рақами 11-уми ноҳия ба адиби нуктасанҷ ва дарёдил, барои ҳавасмандгардонии моддӣ арзи сипос менамоянд. Сарватмандон имрӯз кам нестанд. Вале на ҳар сарватманд бо ёди мактабу маориф ва баланд бардоштани сатҳи маънавии насли ҷавон ба сар мебарад».

Ба дунболи ин навишта будем, ки  аз номи хонандагон ва омӯзгорони мактабҳои таълими ҳамагонии рақами 1 ва 2-юми Сӯх низ як номаи миннатдорӣ расид. Аз он, ки онҳо, яъне хонандагони мактабҳои мазкур ҳар моҳ стипендияи ҳавасмандгардониро мегирифтаанд, тавассути нома ба такядор Муҳаммад Шодӣ арзи сипос намудаанд.

Бале, имрӯз бо дарназардошти он, ки дар муассисаҳои таълими ҳамагонии тоҷикӣ, бино ба барномаи тасдиқнамудаи Вазорати таълими ҷумҳурӣ,  соатҳои таълими забон ва адабиёти тоҷик  каманд, хонандагон ба таври бояду шояд ҳавасманд гардонда намешаванд, теъдоди гурӯҳу мактабҳои  тоҷикӣ сол аз сол коҳиш меёбад, сифати таълим на ҳамеша қаноатбахш аст, аз ҷониби такядорон дастгирии моддӣ ва маънавии насли ҷавон суди зиёде дар пай дорад.

Яке аз сабабҳои сол аз сол кам шуда истодани гурӯҳу мактабҳои тоҷикӣ дар зеҳни мардум пайдо шудани фикри «Мактабҳои тоҷикӣ оянда надоранд» аст, ки он худ аз худ пайдо намешавад. Ин фикрро, ба қавле, шароит гӯшзад  мекунад. Вагарна тоҷик, худ аз худ, забони таълими фарзандонашро дигар намекунад. Медонад, ки дигар кардани забони таълими насли ҷавон ба маҳви миллат замина фароҳам меоварад. Қавми маънан маҳвшуда аз матбуот, китоб ва ҳуввияти миллиаш дурӣ меҷӯяд... Агар ба қавми маънан маҳвгардида гӯед: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Айнӣ бобои туст, ба шумо бо назари шубҳа менигарад...

Чунин як кори шоистаи таҳсинро дар байни даҳ мактаби тоҷикии ноҳияи Нуратою Фориш маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд», ки созмондиҳандаи он нависандаи хушқареҳа Юнуси Имомназар аст, анҷом медиҳад. Ҳар як маҳфили «Хирадманд» қабл аз баргузорӣ, бо назардошти санаҳои муҳими солгарди зодрӯзи ситораҳои осмони адаб ба мавзӯе ихтисос дода мешавад. Мисолан,  маҳфили чанде қабл баргузоршудаи «Хирадманд» ба «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бахшида шуда буд. То рӯзи баргузории маҳфил шогирдони мактабҳо бо кӯмаки устодон дар тӯли панҷ моҳ дар дунёи маъонии «Маснавии маънавӣ» гаштугузор доштанд. Яъне ба ҷавоби саволҳо, муҳтавои ҳикоятҳо, ҳифзи пораҳои шеърию насрӣ ва шарҳи вожаҳои душворҳазм омодагӣ мегирифтанд. Ба нерӯи ҳавасмандгардонӣ мутваҷҷеҳ бошед: худ дар тӯли панҷ моҳ дар олами маъонии «Маснавии маънавӣ» гаштугузор кардан, ба насли ҷавон ва омӯзгорон бисёр чиз медиҳад...

Инҷониб шоҳиди он будам, ки дар маҳфили ба «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Шайх Саъдӣ ихтисосёфтаи «Хирадманд» толибилмон аз ин асарҳо ҳикоятҳои пандомӯзро аз ёд гуфта, вожаҳои душворҳазмро, бе ишкол, шарҳ медоданд. Онҳо пораҳои насриро ҳифз намуда буданд. Бешак, ҳифзи пораҳои насрӣ дар баланд бардоштани сатҳи забондонии насли ҷавон нақши калидӣ дорад. Дар зеҳни онҳо қолиби ҷумлаҳои ҳикоягӣ, саволӣ, хитобӣ, дар маҷмӯъ грамматикаи миллиро ташаккул медиҳанд. Пас, бе таълими қоидаҳои грамматикӣ ҳам, имкони баланд бардоштани сатҳи забондонии насли ҷавон вуҷуд доштааст...

То ҷое иттилоъ дорем, маҳфили навбатии андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд», ки «700 сол бо Ҳофиз» унвон дорад, ба бузургдошти лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ ихтисосонида шудааст. Маҳфил бояд тирамоҳи имсол  баргузор гардад.

Бояд гуфт, ки ғолибони «Хирадманд», яъне онҳое, ки матнҳои шеърӣ ва насриро ба таври бояду шояд қироат мекунанд ва ба саволҳо ҷавоби дуруст медиҳанд, бино ба натиҷагириҳои доварон, бо мукофоти пулӣ – аз сесад ҳазор то як миллион сӯм ва китобҳои бадеии тозанашри адибон сарфароз гардонда мешаванд...

Бинои муҳташами мактабҳои кишварамон  бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд, бо ибтикори роҳбари давлат, ҳар сол дар сартосари кишвар даҳҳо биноҳои нави муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ  бунёд мегарданд. Вале чаро сифати таълим ба талаб ҷавоб намедиҳад, аксарияти толибилмон баъд аз хатми мактаб ба сари худ ариза, тарҷумаи ҳол ва нақли хаттӣ... навишта наметавонанд? Пас, механизми таълими фанҳои забон ва адабиёти тоҷикро бояд куллан  дигар кард.

Фикр мекунам, куллан тағйир додани шеваи таълими забон ва адабиёт, бино ба қарори  Вазорати таълими ҷумҳурӣ ба маротиб зиёд кардани соатҳои таълимии ин фанҳо, бо дастгирии такядорон ташкили ҳар чӣ бештари маҳфилу озмунҳо ва дигар шеваҳои ҳавасмандгардонӣ  ба беҳ гардидани сифати таълим мусоидат менамояд.

А. Субҳонов.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: