Борон, обхезӣ, чангу ғубор ва гармии то 44 дараҷа: пешгӯии обу ҳаво барои ҳафта

Оҷонсии «Ӯзгидромет» пешгӯии обу ҳаворо барои рӯзҳои 22–26 июн нашр кард.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, имрӯз дар аксари минтақаҳои Ӯзбекистон боришот пешбинӣ намешавад. Танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Тошканд ва минтақаҳои водии Фарғона дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал омада метавонад.
Рӯзи 23 июн боришот асосан дар ноҳияҳои шимолу ғарбии ҷумҳурӣ ва 24 июн дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах, Сирдарё ва минтақаҳои водии Фарғона эҳтимол дорад. Дар рӯзҳои 25–26 июн дар саросари кишвар ҳаво асосан бебориш хоҳад буд.
Ҳарорати ҳаво дар аксари минтақаҳо дар давоми ҳафта 33–38 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар баъзе ноҳияҳои ҷанубӣ ҳарорат метавонад то 41–44 дараҷа боло равад. Дар минтақаҳои шимолу ғарбӣ ва биёбонӣ рӯзҳои наздик ҳавои бисёр гарм ҳукмфармо мешавад, аммо баъдан ҳарорат 4–6 дараҷа паст мегардад.
Шамол бо суръати 7–12 метр дар як сония мевазад ва дар баъзе ҷойҳо суръати он то 13–18 метр дар як сония мерасад. Дар баъзе минтақаҳо эҳтимоли чангу ғубор низ вуҷуд дорад.
Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳистонӣ гоҳ-гоҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал омада, хатари обхезиҳои ногаҳонӣ нигоҳ дошта мешавад.
Дар шаҳри Тошканд имрӯз, 22 июн, дар нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ эҳтимол дорад. Ҳарорати ҳаво рӯзона 34–36 дараҷа хоҳад буд.
Рӯзи 23 июн боришот пешбинӣ намешавад ва ҳарорат ба 36–38 дараҷа мерасад. Рӯзи 24 июн боз эҳтимоли борон ва раъду барқ вуҷуд дошта, ҳарорат 34–36 дараҷа хоҳад шуд.
Дар рӯзҳои 25–26 июн дар Тошканд ҳаво бебориш боқӣ монда, ҳарорати рӯзона дар ҳудуди 36–38 дараҷа нигоҳ дошта мешавад.
Ҳарорати ҳаво шабона асосан 23–25 дараҷа хоҳад буд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3–8 метр дар як сония мевазад ва гоҳ-гоҳ то 10–12 метр дар як сония шиддат гирифта, дар баъзе қисматҳои пойтахт чангу ғубор ба вуҷуд меорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: