САНЪАТ ВА АДАБИЁТ БАРОИ ХАЛҚ АСТ

Мулоқоти кушоди ҳокими вилояти Самарқанд бо намояндагони соҳаи фарҳанг, адабиёт ва санъат баргузор гардид.

– Самарқанд маркази бузурги таълиму тарбия ва фарҳангу тамаддуни Шарқ буду ҳаст, – гуфт Адиз Бобоев. – Бинобар сиёсати дурандешонаи Президенти мамлакат шаҳри бостонӣ сол то сол ривоҷу равнақ меёбад. Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки соҳаи фарҳанг ва адабиётро низ ба зинаи баландтар бардорем.

– Чанде пеш чунин тадбир дар пойтахти кишвар бо иштироки Президент Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ пайваст ва мо, як гурӯҳ аҳли санъати Самарқанд низ дар он иштирок кардем, – гуфт Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Мардон Мавлонов. – Бояд иқрор шуд, ки мулоқоти хеле самимӣ, дилнишину гуворо буд. Имрӯз чунин вохӯрӣ бо ҳокими вилояти Самарқанд баргузор шуд. Умед дорем, ки баъзе муаммоҳои соҳаи фарҳанг, санъат ва адабиёти вилояти мо ҳам ҳалли худро меёбанд.

– Ман пешниҳод мекунам, ки, дар майдони Регистон  Хиёбони адибон дубора ташкил карда шавад, – илова кард муҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ», раиси  бахши тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Асадуллоҳ Шукуров. – Зеро дар Самарқанд бисёр адибон ба камол расидаанд.

– Таклиф мекардам, ки дар маҳаллаи Намозгоҳ бӯстонсарои Устод Айнӣ ба зиёратгоҳ табдил дода шавад. Зеро баъди ду сол бо қарори ЮНЕСКО 150-солагии устод дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, – гуфт шоир Н.Каримзода.

Сипас дигарон низ  таклиф ва мулоҳизаҳои худро гуфтанд.

Ҳозирин пас аз мулоқоти кушод дар толори «Мароқанд» филми «Афсонаи Самарқанд»-ро тамошо карданд.

 

Зоҳир Ҳасанзода,

мухбири «Овози тоҷик»

 дар вилояти Самарқанд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: