Ин ислоҳот сохтмон ва хизматрасонии манзилию коммуналиро низ фаро гирифта, ба навсозии он, беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳо нигаронида шудааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати сохтмон ва хизматрасонии манзилию коммуналӣ дар давраи гузашта дар саросари ҷумҳурӣ биноҳо ва иншоот бо масоҳати умумии 210 миллион метри мураббаъ ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, беш аз 15 ҳазор бинои бисёрошёнаи дорои 647 ҳазор хона эъмор гардиданд. Ин нишондиҳандаҳо нишон медиҳанд, ки дар қонеъ кардани ниёзҳои аҳолӣ ба манзили муосир ва бароҳат, рушди мавзеъҳои нави истиқоматӣ ва беҳтар кардани инфрасохтори шаҳрҳо ва деҳот натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.
Дар натиҷаи муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон ва дастгирии мунтазами давлат, иқтидори иқтисодии бахш низ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, агар дар соли 2016 ҳаҷми корҳои сохтмон 30 триллион сӯмро ташкил медод, то охири соли 2025 ин рақам ба 314 триллион сӯм мерасад.
Барои танзими равандҳои сохтмон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон, низоми иҷозатдиҳӣ ба куллӣ беҳтар карда шуд. Дар натиҷа, марҳилаҳои иҷозатномаҳои сохтмон 3 маротиба ва мӯҳлати баррасии онҳо 4 маротиба кам карда шуданд. Дар ин бахш корҳои пайваста барои бартараф кардани монеаҳои нолозими бюрократӣ, кам кардани омили инсонӣ ва гузариш ба шакли электронӣ анҷом дода мешаванд.
Ҳамчунин, айни замон беш аз 3,5 миллион нафар дар сохтмон, саноати масолеҳи сохтмон ва бахшҳои марбут ба он кор мекунанд. Ин тасдиқ мекунад, ки бахши сохтмон на танҳо омили муҳими рушди иқтисодӣ, балки инчунин дар таъмини шуғли аҳолӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
«Яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти анҷомдодашуда дар бахши сохтмон ва хизматрасонии манзилию коммуналӣ рақамикунонии равандҳо мебошад. Дар солҳои охир, системаи миллии иттилоотии «Сохтмони шаффоф» ҷорӣ карда шуд ва ташхиси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, назорати давлатӣ, тендерҳо, системаи рейтингӣ ва бисёр хидматҳои дигар тавассути платформаҳои ягонаи электронӣ анҷом дода мешаванд. Дар соли гузашта 29 ҳазору 693 лоиҳа тавассути системаи «Сохтмони шаффоф» баррасӣ шуданд ва дар натиҷа, дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ беш аз 10,8 триллион сӯм сарфа карда шуд.
Яке аз масъалаҳое, ки вазорат ва идораҳои вилоятии он таваҷҷӯҳро ба он нигаронидаанд, такмили низоми назорати меъмории давлатӣ, самаранокии ошкор ва мубориза алайҳи сохтмони ғайриқонунӣ мебошад. Дар системаи «Сохтмони шаффоф» модули махсуси идоракунӣ ба кор андохта шуда, бо системаҳои иттилоотии дахлдори давлатӣ муттаҳид карда шудааст. Дар соли 2026 ба сатҳи нав расонидани ислоҳоти ҷорӣ дар бахши сохтмон ва манзилу коммуналӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои банақшагирии шаҳрӣ барои 154 маҳалла таҳия ва дугоникҳои рақамии онҳо эҷод карда мешаванд. Ин имкониятҳои рушди ҳамгирошудаи қаламравҳо ва истифодаи самараноки захираҳои заминро васеъ мекунад.
Дарвоқеъ, як қатор лоиҳаҳо барои ҷорӣ кардани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ин бахш амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки дархостҳои воридшуда ба системаи «Сохтмони шаффоф» ба таври худкор таҳлил гардида, тағйирот дар намуди зоҳирии иншооти сохтмон бо истифода аз зеҳни сунъӣ арзёбӣ ва механизмҳои мувофиқа ҷорӣ карда шаванд.
Аз раванди ислоҳот дар соҳаи сохтмон ва хизматрасонии манзилию коммуналӣ вилояти Фарғона низ дар канор нест ва он бар асоси Фармони Президенти мамлакат аз 4 июни соли 2026 «Дар бораи чораҳои ҷорӣ намудани идоракунии натиҷавӣ дар соҳаи сохтмон ва соддагардонии хизматрасонии давлатӣ дар ин соҳа» пиёда мегардад. Гуфта мешавад, таъмини иҷрои фармони мазкур дар соҳаи сохтмону меъморӣ табаддулоти куллӣ ба вуҷуд хоҳад овард ва ин раванд банақшагирии шаҳр ва хизматрасонии коммуналиро низ дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он хеле беҳбуд хоҳад бахшид.
– Дар даҳсолаи охир вилояти мо ҷиҳати пиёда кардани ислоҳот дар бобати корҳои васеъмиқёси бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, рушди маҳаллаҳои аҳолинишин, ки мувофиқи талаботи муосир ва фароҳам овардани муҳити мусоиди зиндагӣ сурат мегиранд, инчунин беҳбуди низоми хизматрасонии коммуналӣ ба дастовардҳои зиёд ноил мегардад, зеро, ҳоло бахши сохтмон ва хизматрасонии манзилию коммуналӣ яке аз самтҳои стратегии иқтисодиёти кишварро ташкил мекунад ва дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди ҳамаҷонибаи шаҳру ноҳияҳо, ташаккули инфрасохтори муосир нақши муҳим мебозад, – мегӯяд ба «Овози тоҷик» сардори Сарраёсати сохтмон ва хизматрасонии манзилию коммуналии вилоят Бекзод Раҳимов.
Сифати биноҳо, риояи мӯҳлатҳои сохтмон, нишондиҳандаҳои бехатарӣ, сатҳи қаноатмандии шаҳрвандон – инҳо меъёрҳои асосии самаранокӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳар як ташкилоте, ки машғули кор мебошад, ҳадафҳои возеҳ хоҳад дошт ва барои ноил шудан ба онҳо масъулияти худро эҳсос хоҳад намуд.
– Тибқи фармони мазкури Сардори давлат шурӯъ аз 1 сентябри соли 2026 хидматрасониҳои давлатӣ дар ҳамаи минтақаҳои вилоят муттаҳид карда мешаванд. Гузашта аз ин, аз 1 июли соли равон пайваст кардани объектҳо ба шабакаҳои муҳандисӣ ва коммуникатсионӣ дар шакли мураккаб бар асоси принсипи «1 дархост - 1 пардохт - ҳамаи нуқтаҳои пайвастшавӣ» анҷом дода хоҳанд шуд, – меафзояд Бекзод Раҳимов.
Сода гардидани хидматрасонии сохтмон ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам ба бахши хусусӣ фоидаи калон хоҳад овард. Ҳам оилаи оддӣ, ки ба сохтани хона машғул мешавад ва ҳам ширкате, ки лоиҳаи бузурги сармоягузориро амалӣ мекунад, ба монеаҳои камтар ва шароити мусоиду қулайтар соҳиб хоҳад шуд. Аз ин ҳисоб афзоиши сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ, ки ба бахши сохтмон равона мешавад, таъмин хоҳад шуд.
– Чунин раванд барои соҳибкороне, ки ба корҳои сохтмони манзил шуғл меварзанд, боз кадом сабукиву имтиёзҳоро хоҳад дод?
– Бешак, онҳо аз як қатор корҳои бюрократӣ фориғ хоҳанд шуд. Минбаъд раванди мувофиқа кардани ҳуҷҷатҳои банақшагирии шаҳрсозӣ нисбат ба пештара хеле осон карда шуд. Ба таври мисол, агар қаблан, соҳибкор аз 27 ташкилот иҷозати шурӯъи корро мегирифт, аммо ҳоло ин рақам ба 6 адад коҳиш ёфт ва вақти даро-бароҳои беҳуда ба ташкилотҳои зиёд дигар лозим намешавад. Барои истифодаи хидматрасониҳои давлатӣ ё шартҳои техникӣ, ки аз пайваст кардани майдони сохтмон ба неруи барқ, газ, оби нӯшокӣ ва системаҳои канализатсия иборат буданд, соҳибкор мутлақ фориғ мегардад ва пайвастшавӣ ба ҳамаи шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ бо пешниҳоди як дархости ӯ ба анҷом мерасад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.