Шавкат Мирзиёев ба Амири Қатар вобаста ба қурбониёни зиёди таркиш дар маҷмааи коркарди газ таслият ирсол намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ вобаста ба талафоти зиёди ҷонӣ ва осеб дидани шумораи зиёди шаҳрвандон бар асари таркиши шадид ва сӯхтор дар маҷмааи коркарди гази минтақаи саноатии Рас-Лаффан номаи таслият ирсол намуд.

Сарвари давлат ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ҳамдардии амиқ ва дастгирии худро изҳор намуда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар орзу кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: