Бо корҳое, ки дар самти зеҳни сунъии вилояти Намангон амалӣ мегарданд, ошно шуданд

  • Бо корҳое, ки дар самти зеҳни сунъии вилояти Намангон амалӣ мегарданд, ошно шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев дар доираи сафар ба вилояти Намангон бо фаъолияти озмоишгоҳи зеҳни сунъии Донишгоҳи давлатии техникии Намангон шинос гардид.

Дар лаборатория барои таҳкими дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар лоиҳаҳои воқеӣ ва баланд бардоштани иқтидори илмии профессорону омӯзгорон шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

Дар назди он марказҳои таҳлил, робототехника ва бионика, акселератори стартапҳо, 9 утоқи «ҳушманд» ва 2 хона барои омӯзиши зеҳни сунъӣ ташкил гардидааст.

Ин марказ бо таҳия ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионии илмию амалӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ, робототехника, нақлиёти «ақлнок», экология ва агротехнологияҳо шуғл меварзад.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки вусъат додани ин таҷриба ва боз ҳам бештар ҷалб кардани иқтидори зеҳнӣ ва илмии ҷавонон дар рушди соҳаҳои муҳим зарур мебошад.

Ҳамчунин ба Президент лоиҳаҳои стартапие, ки аз ҷониби мушовирони ҳокимиятҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо оид ба зеҳни сунъӣ таҳия гардидаанд, муаррифӣ шуданд.

Роҳбари давлат бо ҷавонон суҳбат намуда, ғоя ва пешниҳодҳои онҳоро шунид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: