Вилояти Ҷиззах дар остонаи баргузории як чорабинии муҳими байналмилалӣ қарор дорад. Фестивали байналмилалии сайёҳии «Jizzakh Open Air», ки табиат, фарҳанг ва имкониятҳои муосири сайёҳиро ба ҳам меорад, на танҳо имкониятҳои ин минтақаро муаррифӣ мекунад, балки барои таҳкими мавқеи Ӯзбекистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ низ мусоидат менамояд.
Солҳои охир дар Ӯзбекистон ба рушди сайёҳӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёт ва муаррифии имкониятҳои нодири минтақаҳо дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар ин раванд вилояти Ҷиззах бо табиати нотакрор, манзараҳои дилфиреб, арзишҳои миллӣ, анъанаҳои қадима ва инфрасохтори муосири худ мавқеи хос дорад.
Фестивали байналмилалии «Jizzakh Open Air», ки рӯзҳои 27-28 июн баргузор мегардад, як лоиҳаи бузурги фарҳангӣ ва сайёҳӣ буда, барои муаррифии имкониятҳои минтақа дар сатҳи байналмилалӣ равона шудааст.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати сайёҳии вилояти Ҷиззах Васлиддин Бекназаров, имрӯз дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ чорабиниҳое, ки дар оғӯши табиат баргузор мешаванд, ба яке аз роҳҳои муассири ҷалби сайёҳон табдил ёфтаанд.
– Боғи миллии табиии Зомин, мавзеъҳои экотуристии ноҳияи Фориш, кӯлҳои Айдар — Арнасой, деҳаи қадимаи Кӯҳна Ухум ва арчаҳои ҳазорсола аз ҷумлаи захираҳои нодири табиии минтақа мебошанд. Ҳамзамон, дар вилоят барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ корҳои васеъ ба роҳ монда шудаанд, — мегӯяд ӯ.
Ҳадафи асосии фестивал ташаккули бренди сайёҳии вилояти Ҷиззах, афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ ва ҷалби сармоягузориҳои нав мебошад.
Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонони хориҷӣ имкониятҳои сайёҳии экологӣ ва этнографӣ, экосистемаҳои кӯҳӣ ва соҳилҳои кӯлҳои минтақа, арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои мардумӣ муаррифӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, дар бахши сайёҳии гастрономӣ намунаҳои беҳтарини таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ пешниҳод гардида, дар самти сайёҳии варзишӣ ва экстремалӣ имкониятҳои истироҳати фаъол, аз ҷумла намудҳои варзиши обӣ ва кӯҳӣ намоиш дода мешаванд.
Интизор меравад, ки фестивали байналмилалии «Jizzakh Open Air» ба яке аз рӯйдодҳои муҳими иқтисодиву фарҳангии кишвар табдил ёфта, нуфузи байналмилалии вилояти Ҷиззахро боз ҳам таҳким бахшад ва таҷассуми амалии шиори «Ӯзбекистони нав — кишвари боз барои сайёҳон» гардад.
Толибҷон Эргашев, «Халқ сўзи»