Олимон ба хулосае омадаанд, ки суръати пиршавии инсон на танҳо ба тарзи ҳаёт ва интихоби шахсӣ, балки ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ низ вобастагии мустақим дорад.
Ба гуфтаи онҳо, камбизоатӣ ва сатҳи пасти таҳсил метавонанд раванди пиршавии биологиро аз овони кӯдакӣ тезонанд.
Ин натиҷаро гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон аз Институти рушди инсонии Макс Планк ва Донишгоҳи Колумбия ба даст овардаанд. Олимон натиҷаҳои 140 таҳқиқоти илмиро таҳлил карданд, ки дар онҳо қариб 66 ҳазор нафар аз 23 кишвари ҷаҳон, аз навзодон то афроди 86-сола иштирок доштанд.
Барои муайян кардани суръати пиршавӣ муҳаққиқон аз «соатҳои эпигенетикӣ» истифода бурданд. Ин усул тағйироти молекулавии ДНК-ро таҳлил намуда, нишон медиҳад, ки организми инсон нисбат ба синни воқеии ӯ чӣ қадар ҷавон ё пир аст.
Ба гуфтаи олимон, шахсоне, ки суръати пиршавии биологии онҳо суст аст, нисбат ба синни худ ҷавонтар ба назар мерасанд ва эҳсос мекунанд. Баръакс, дар одамоне, ки раванди пиршавӣ босуръат мегузарад, хатари гирифтор шудан ба бемориҳои вобаста ба синну сол барвақттар пайдо мешавад.
Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки кӯдакони оилаҳои камбизоат аз ҷиҳати биологӣ нисбат ба ҳамсолони худ, ки дар шароити беҳтари иҷтимоӣ ба воя мерасанд, зудтар пир мешаванд. Ин таъсир ҳатто дар давраи бузургсолӣ низ боқӣ мемонад.
Муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки камбизоатӣ, сатҳи таҳсил, шароити зиндагӣ ва дигар омилҳои иҷтимоӣ бо ҳам алоқаманд буда, ба саломатӣ ва раванди пиршавии инсон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, «соати биологӣ танҳо аз интихоби инфиродӣ вобаста нест, балки шароити зиндагӣ низ дар он нақши муҳим мебозад».