Танҳо дар ду рӯзи охир 18 нафар бар асари гармии шадид ҷон бохтанд. Рӯзи 22 июн дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа боло рафт.
Бино ба иттилои расонаҳо, дар миёни фавтидагон ду кӯдаки дусола ва чорсола низ ҳастанд, ки дар дохили мошини баста беҳуш пайдо шудаанд. Ҳамчунин се нафари аз 80 то 95-сола бар асари таъсири гармии шадид фавтидаанд. 13 нафари дигар ҳангоми шиноварӣ дар ҷойҳои барои оббозӣ номусоид ғарқ шудаанд.
Дар минтақаи Бордо ҳарорат ба 41,9 дараҷа расида, рекорди қаблии моҳи августи соли гузашта шикаста шуд. Дар шаҳри Пуатье низ ҳарорати ҳаво ба 41,2 дараҷа расид, ки аз рекорди соли 1947 баландтар мебошад.
Мавҷи гармӣ на танҳо Фаронсаро, балки дигар кишварҳои Аврупоро низ фаро гирифтааст. Дар шаҳри Сан-Себастяни Испания ҳарорат ба 40 дараҷа расид, ки аз нишондиҳандаҳои миёнаи таърихӣ барои ин фасл хеле зиёд аст.
Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим боиси афзоиши чунин мавҷҳои гармӣ гардида, хатари онҳо барои саломатӣ ва ҳаёти одамон сол аз сол бештар мешавад.