Сарвари давлат меҳмони Ҷашнвораи байналмилалии гулҳои Намангон шуд

  • Сарвари давлат меҳмони Ҷашнвораи байналмилалии гулҳои Намангон шуд
  • Сарвари давлат меҳмони Ҷашнвораи байналмилалии гулҳои Намангон шуд
  • Сарвари давлат меҳмони Ҷашнвораи байналмилалии гулҳои Намангон шуд
  • Сарвари давлат меҳмони Ҷашнвораи байналмилалии гулҳои Намангон шуд

Президент Шавкат Мирзиёев зимни сафар ба Намангон аз ҷашнвораи анъанавии гулҳо боздид намуд.

Дар натиҷаи тӯл ёфтани муҳлати баргузории фестивал аз 3 рӯз дар соли 2018 то 40 рӯз дар соли 2025, шумораи сайёҳони хориҷӣ аз 25 ҳазор ба 800 ҳазор нафар расида, теъдоди сайёҳони маҳаллӣ ба 6,4 миллион нафар афзуд.

Мақсади навбатӣ ҷалби 1 миллион сайёҳи хориҷӣ аз зиёда аз 50 давлати ҷаҳон ва 7 миллион сайёҳи дохилӣ, баргузории беш аз 150 чорабинӣ ва ба 8 триллион сӯм расонидани ҳаҷми хизматрасониҳо мебошад.

Ҷашнвораи 65-уми байналмилалии гулҳо, ки аз 24 май то 12 июли соли ҷорӣ идома меёбад, бо шаҳомати хос баргузор мегардад.

Ҷашнвора расман ба “Китоби рекордҳои Гиннесс” дохил гардид. Дар доираи он намояндагони китоб тӯли як моҳ раванди аз ҷониби сокинони шаҳри Намангон бо даст шинонидани зиёда аз 29 миллион кӯчати гулро мушоҳида карданд. Дар натиҷа рекорди ҷаҳонӣ ба қайд гирифта шуд.

45 маҳаллаи шаҳри Намангон ба парвариши гул ихтисосонида шуда, 16 ҳазор хонавода фаро гирифта шуданд, 21 ҳазор нафар аҳолӣ бо шуғл таъмин гардиданд. Тӯли моҳҳои март ва апрел дар қитъаҳои наздиҳавлигии ин хонаводаҳо 4 ҳазору 683 гармхона ташкил ва 120 миллион дона ниҳолаки гул парвариш карда шуд. Аҳолӣ 300 миллиард сӯм даромади иловагӣ ба даст оварданд.

Сарвари давлат композитсияҳои гулдор, майдонҳои махсус ва намоишгоҳҳоеро, ки дар доираи ҷашнвора ташкил шудаанд, аз назар гузаронд. Аз афроде, ки бо гулпарварӣ машғуланд, соҳибкорон, иштирокдорон ва меҳмонони фестивал истиқбол намуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: