Пас аз 35-солагӣ кадом санҷишҳо муҳиманд?

Духтурон тавсия медиҳанд, ки пас аз 35-солагӣ инсон ба саломатии худ бештар таваҷҷуҳ намояд. Ба гуфтаи патологи ҳиндӣ ва мутахассиси геномикаи клиникӣ Шелли Маҳаҷан, гузаронидани баъзе санҷишҳои муҳим метавонад ба беҳтар шудани сифати зиндагӣ ва дарозумрӣ мусоидат кунад.

Мутахассис таъкид мекунад, ки дар ин синну сол организм таъсири стресс, камхобӣ, тарзи ҳаёти нишаста ва ғизои носолимро нисбат ба солҳои ҷавонӣ камтар ҷуброн мекунад. Аз ин рӯ, бисёр бемориҳо метавонанд бидуни нишонаҳои равшан оғоз ёбанд.
Яке аз муҳимтарин санҷишҳо муайян кардани сатҳи қанди хун мебошад. Ин ташхис имкон медиҳад, ки нишонаҳои аввали диабет ё халалдоршавии мубодилаи карбогидратҳо сари вақт ошкор карда шаванд.
Санҷиши дуюми муҳим арзёбии хатари бемориҳои дилу раг аст. Ба ин чен кардани фишори хун ва муайян намудани сатҳи холестерин дохил мешавад. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки пас аз 35-солагӣ хатари сактаи дил ва сактаи мағз тадриҷан зиёд мешавад.
Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки фаъолияти ҷигар ва гурдаҳо мунтазам санҷида шавад, зеро бемориҳои ин узвҳо метавонанд муддати дароз бидуни нишона идома ёбанд.
Духтурон инчунин ба фаъолияти ғадуди сипаршакл аҳамияти махсус медиҳанд. Ин ғадуд дар танзими мубодилаи моддаҳо нақши муҳим дошта, мушкилоти он аксар вақт бо хастагӣ, камэнергӣ ва стресс омехта мешавад.
Илова бар ин, санҷиши сатҳи витаминҳои D3 ва B12 низ муҳим шуморида мешавад. Норасоии ин витаминҳо метавонад боиси заъф, хастагӣ, паст шудани қобилияти корӣ ва коҳиши сифати зиндагӣ гардад.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки ташхиси саривақтӣ ва назорати мунтазами саломатӣ пас аз 35-солагӣ метавонад аз рушди бисёр бемориҳо пешгирӣ намояд ва ба зиндагии солиму фаъол мусоидат кунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: