Рӯзҳои 24–25 июн дар вилояти Андиҷон таҳти унвони «Андиҷон – пойтахти фарҳангии ҷаҳони турк дар соли 2026» як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Дар ҳоли ҳозир дар вилоят омодагӣ ба барномаи консертие идома дорад, ки ба ворид намудани рақси «Полкаи Андиҷон» ба «Китоби рекордҳои Гиннес» бахшида шудааст.
Ҳадафи ин лоиҳа муаррифии васеи санъати рақси ӯзбек ва фарҳанги нотакрори кишвари биҳиштосои мо дар арсаи байналмилалӣ тавассути рамзи вилояти Андиҷон мебошад.
Бояд зикр кард, ки Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ — ТУРКСОЙ 12 июли соли 1993 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар асоси созишномаи вазирони фарҳанги Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Туркманистон таъсис ёфтааст.
ТУРКСОЙ як созмони байналмилалии бисёрҷониба буда, барои таҳкими робитаҳои фарҳангии халқҳои турк, ҳифз, тарғиб ва ба наслҳои оянда расонидани мероси муштарак дар соҳаҳои забон, адабиёт, мусиқӣ, театр, кино ва санъати анъанавӣ фаъолият мебарад.
Тафсилоти ин чорабинии бошукӯҳ дар давоми рӯз пешниҳод карда мешавад.