Рӯйхати электронии содиркунандаи ҷиноятҳои коррупсионӣ ба роҳ монда мешавад

Бо Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти № ҚҶӮ–1155 аз 22 июни соли 2026 ба баъзе санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Тибқи ин тағйирот, шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ гунаҳкор дониста шудаанд, ба рӯйхати электронии шахсони гунаҳкор дар ҷиноятҳои коррупсионӣ ворид карда мешаванд.
Вазорати корҳои дохилӣ дар давоми се рӯзи корӣ аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд маълумоти чунин шахсонро ба рӯйхат ворид мекунад.
Маълумот дар бораи ин шахсон дар давраи муҳлати суднокӣ, ки Кодекси ҷиноятӣ муқаррар намудааст, нигоҳ дошта мешавад.
Нисбат ба шахсони ба рӯйхат воридшуда маҳдудиятҳои зерин татбиқ мегарданд:
-қабул шудан ба хизмати давлатӣ ва сарфароз гардидан бо мукофотҳои давлатӣ;
-пешниҳод шудан ба мансабҳои интихобӣ ва мансабҳое, ки бо тартиби махсус таъйин мешаванд;
-узвият дар шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомоти давлатӣ ва мақомоти байниидоравӣ;
-иштироки соҳибкороне, ки аз ҷониби худ таъсис дода шудаанд ва зиёда аз 50 фоизи саҳмияи оинномавии онҳо ба худи ин шахс тааллуқ дорад, дар харидҳои давлатӣ ва созишномаҳои шарикии давлативу хусусӣ;
-фаъолият дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар ташкилотҳое, ки зиёда аз 50 фоизи саҳмияи онҳо ба давлат тааллуқ дорад, инчунин дар муассисаҳои давлатии таълимӣ.
Рӯйхати электронӣ аз ҷониби Агентии мубориза бо коррупсия дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ пеш бурда мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: