Зимистон наздик мешуд ва паррандагон яке пас аз дигаре боғи пур аз гулро тарк мекарданд, то бо фаро расидани зимистон, чун ҳар сол, сафари тӯлонии худро оғоз намоянд.
Онҳо даста-даста ва ҷуфт-ҷуфт бол мекушоданд ва бо гулзоре, ки дар он меҳру хотира доштанд, хайрухуш мекарданд.
Танҳо як парасту, ки тамоми дилбастагии худро ба сарве бахшида буд, ки бо зебоии худ дар миёни гулзор қомат афрохта буд, хоҳиши ҷудоӣ надошт. Ӯ, масти атри гулистон, қарор дод, ки то даме нафас дорад, он боғи пур аз гулро тарк накунад.
Ӯ намедонист, ки таҳаммули сахтиҳои зимистон барояш душвор аст ва гузаштани он аз тавони ӯ берун мебошад. Аммо дил ба рафтан намедод.
Ҳаво кам-кам сард шуд ва боронҳои тирамоҳӣ оғоз ёфтанд. Парасту ҳанӯз бо умеди он ки сарв ӯро аз боду борон ҳифз мекунад, бар шохае, ки тамоми баҳору тобистон паноҳгоҳаш буд, нишаста, ба танҳоии худ дар боғ менигарист.
Борон шиддат гирифт. Парасту ба танаи сарв часпид, то аз сармо эмин бошад.
Рӯзҳо ҳамин тавр сипарӣ мешуданд. На парасту хоҳиши рафтан дошт ва на сарв метавонист аз ӯ пуштибонӣ кунад.
Борон ба барф табдил ёфт. Парасту аз сармо меларзид. Ҳар қадар бештар ба танаи сарв мечаспид, ҳамон қадар сардии бештар эҳсос мекард.
Ҳанӯз ҳам орзуи парвоз ӯро озор медод, аммо дигар қувваи паридан надошт.
Ӯ чунон ба сарв дил баста буд, ки гумон мекард ин қомати рост метавонад такягоҳаш бошад.
Пояш аз сармо карахт ва бемадор шуда буд. Ӯ бояд барои сардӣ ва сӯзиши поҳояш чорае меандешид.
Ногаҳон роҳи ҳалеро пайдо кард.
Парасту хушҳол шуд, ки дигар сард намешавад. Ӯ бо минқораш як-як парҳояшро меканд ва зери пояш мегузошт, то аз сармо эмин бимонад.
Аммо ҳанӯз оғози зимистон буд ва сардиҳои шадидтар дар пеш меистоданд.
Ҳар боре ки сардиро эҳсос мекард, яке аз парҳояшро меканд ва зери пояш мегузошт.
То он ки охирин пари худро низ канд ва барои гарм кардани поҳояш истифода бурд.
Боди сард мевазид ва барф ба қомати сарв мехӯрд. Парасту, дилшикаста аз беэътиноии сарв, маҷбур шуд ҳақиқатро бипазирад ва фикр кард, ки ба ҷануб, ба назди ёрони ҳамсафараш парвоз кунад.
Аммо афсӯс, дигар на паре боқӣ монда буд ва на нерӯе дар болҳояш.
Парасту маҷбур шуд тамоми ҷисми худро бар рӯи парҳое, ки зери пояш буданд, бигузорад ва ба хоб равад.
Тӯфони сахт бархост ва барф парастуро зери қабати сафеди худ пӯшонд.
Ва парастуе, ки ба сарв дил баста буд, ҳамин тавр ҷони худро аз даст дод, аммо вафодории ӯ барои ҳамеша боқӣ монд.
Зарина Раҳматова