Дастаи мунтахаби шамшербозии Ӯзбекистон дар чемпионати Осиё, ки дар Ҳиндустон баргузор мешавад, хазинаи медалҳои худро бо як ҷоизаи дигар ғанӣ гардонд.
Дар мусобиқаҳои даставӣ аз рӯйи шамшербозӣ миёни бонувон варзишгарони мо то даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд, аммо дар он ҷо аз дастаи Кореяи Ҷанубӣ мағлуб шуда, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Шарафи Ӯзбекистонро дар мусобиқа Зайнаб Дайибекова, Гулистан Пердибаева, Фернанда Эррера ва Аякоз Жумамуратова ҳимоя карданд.
Зикр мешавад, ки дар доираи чемпионат ҳамчунин маросими қадрдонии беҳтаринҳои мавсими солҳои 2024/2025, ки аз ҷониби Конфедератсияи шамшербозии Осиё ташкил шудааст, баргузор гардид. Дар миёни қадршудагон намояндаи Ӯзбекистон Дилором Турдикулова низ буд, ки беҳтарин довар дар мусобиқаҳои шамшербозӣ бо шамшери эпе эътироф гардид.