Саида Мирзиёева аз як қатор иншооти вилояти Андиҷон, ки ба таъмир ва навсозии фаврӣ ниёз доранд, боздид кард

  • Саида Мирзиёева аз як қатор иншооти вилояти Андиҷон, ки ба таъмир ва навсозии фаврӣ ниёз доранд, боздид кард

Дар ноҳияи Олтинкӯл Саида Мирзиёева бо фаъолияти дармонгоҳи оилавии «Кӯмакай» шинос шуд.

 Ин бино аз соли 1988 истифода мешавад ва имрӯз ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест.
Ҳамчунин ӯ аз кӯдакистони рақами 9 ва мактаби рақами 36 боздид намуд. Кӯдакистон дар ҷойи истироҳатгоҳи солҳои 1970 сохта шудааст. Бинои мактаб бошад соли 1960 бунёд гардида, барои шумораи имрӯзаи хонандагон мувофиқ нест.
Қарор аст ҳар ду иншоот аз нав сохта шаванд.
Таъкид гардид, ки дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф муҳимтарин масъала фароҳам овардани шароити муносиб барои табибон, омӯзгорон, кӯдакон ва волидон мебошад. Тағйироте, ки барои беҳтар намудани зиндагии мардум равона шудаанд, набояд солҳои зиёд ба таъхир афтанд. Зарур аст, ки ин раванд суръат гирифта, натиҷаҳои воқеӣ ва намоёни он дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ гарданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: