ORACLE БО САБАБИ ҶОРӢ НАМУДАНИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ БЕШ АЗ 20 ҲАЗОР КОРМАНДРО ИХТИСОР КАРД

Дар ҷараёни татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ, ширкати технологии Oracle-и Иёлоти Муттаҳида дар давоми як сол тақрибан 21 ҳазор ҷойи корӣ-ро ихтисор кардааст. Ин рақам тақрибан 13 дарсади тамоми кормандони ширкатро ташкил медиҳад.

Тибқи ҳисоботи солона, то моҳи майи соли 2026 шумораи кормандони ширкат ба 141 ҳазор нафар расидааст, дар ҳоле ки як сол пеш ин нишондиҳанда 162 ҳазор нафар буд.
Ширкат изҳор намудааст, ки татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият ба коҳиши шумораи кормандон оварда расонидааст ва эҳтимол дорад дар оянда низ чунин раванд идома ёбад.
Барои таҷдиди сохторӣ ширкат 1,8 миллиард доллар харҷ кардааст. Ин маблағ пардохтҳои вобаста ба ихтисори кормандон ва дигар хароҷотро дар бар мегирад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: