Дар оғози маросим вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков паёми табрикотии Президент Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиёни чорабинӣ қироат кард.
Ёдоварӣ шуд, ки дар давраи гузашта шаҳрҳои Остона, Эскишехир, Қазон, Марӣ, Шекӣ, Туркистон, Кастамону, Ӯш, Хива, Бурса, Шуша, Анау, Актау ба чунин мақоми бошараф соҳиб шудаанд.
Ин бор Андиҷонро ба ҳайси пойтахти фарҳангии ҷаҳони турк дар соли 2026" пазируфтаанд.
Чорабинии байналмилалии фарҳангӣ таблиғи васеи таърих, забон, адабиёт, мусиқӣ, санъати рақс, расму оин ва анъанаҳои миллии халқҳои туркзабон ва тақвияти минбаъдаи ҳамкории фарҳангиро дар меҳвари чорабиниҳои худ қарор хоҳад дод.
Барномаи бадеие, ки ба маърази тамошо гузошта шуд, аз бозтоби мероси ғании фарҳангии халқҳои туркиро бо иштироки овозхонҳо, мусиқинавозон ва ансамблҳои рақсии машҳур аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон иборат буд. Ин барномаи басо рангину пурмӯҳтаво ба тамошобинон хеле писанд омад.
Интизор меравад, ки дар доираи Пойтахти фарҳангӣ эълон шудани Андиҷон дар тӯли сол як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд.
Дар ҷараёни ин маросим намояндаи Китоби рекордхои Гиннес ба Озодбек Назарбеков ва ҳокими вилояти Андиҷон Шӯҳрат Абдураҳмонов ҳуҷҷат дар бораи он ки рақси "Полкаи Андиҷон" ба "Китоби рекордҳои Гиннес" қабул шудааст, ботантана супурд. Гуфта мешавад, ки пешниҳоди ба ин китоб шомил намудани рақси Полкаи Андиҷон бо ташаббуси ТУРКСОЙ ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва маъмурияти вилояти Андиҷон сурат гирифтааст.
Рақси "Полкаи Андиҷон" бо 479 нафар ба китоби Гиннес расман дохил карда шуд.
Он яке аз рақсҳои миллии узбекӣ унвон гирифта, байни мардум хеле оммавӣ гаштааст.
"Полкаи Андиҷон"-е, ки аз 20 ҳазор нафар раққос иборат буд, дар маҷмааи "Бобур арена"-и маркази маъмурии вилоят мавриди муаррифӣ қарор гирифта, ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил карда шуд.
Ин оҳанги шӯху гуворо солҳои 20-уми қарни гузашта аз ҷониби мусиқинавоз, оҳангсоз ва актёри машҳури Андиҷон, Ҳунарманди халқии Узбекистон Ориф Гармон Тошматов эҷод шуда, дар байни мардум маъруфияти васеъ пайдо кардааст.
Дар доираи чорабиниҳои «Андиҷон – пойтахти фарҳангии ҷаҳони турк дар соли 2026», ки шоми 24 июн сурат гирифт, баргузории ҷаласаи Анҷумани нависандагони ТУРКСОЙ, Фестивали IV байналмилалии театрии ТУРКСОЙ, ҷаласаи V осорхонаҳои ҷаҳони турк ва ҷаласаи даврии Анҷумани осорхонаҳои ТУРКСОЙ, ҷаласаи коршиносон бо иштироки масъулини вазоратҳои фарҳанги кишварҳои узви созмон ва ҷаласаи 43-юми Шӯрои доимии ТУРКСОЙ дар соли ҷорӣ низ барномарезӣ шуданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори "Овози тоҷик".
Вилояти АНДИҶОН.