Дар пайи заминларзаи шадиди 7,2 дараҷа дар шимолу шарқи Ҷопон чор нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ин бора агентии Киодо бо истинод ба оҷонсии метеорологӣ ва хадамоти маҳаллии оташнишонӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, огоҳии сунамӣ эълон нашудааст.
Зилзила, ки соати 7:30-и субҳ дар соҳили Уқёнуси Ороми префектураи Ивате дар умқи 44 километр рух дод, тибқи ҷадвали шиддати зилзила дар Ҷопон 6,0 дараҷа (дар Ҳашиками 7,0 ва дар Ҳачинохе 6,0, ки ҳарду дар префектураи Аомори мебошанд) буд, хабар медиҳад report.az.