Омӯзгорони дараҷаи олӣ ба магистратураи мақсаднок қабул карда мешаванд

Қарори Ҳукумат «Дар бораи ҷорӣ намудани қабули мақсадноки омӯзгорони дорои дараҷаи олии тахассусии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба магистратураи соҳаи педагогика» қабул гардид.

Тибқи қарор, барои омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намуда, дар низоми байналмилалии аккредитатсия дараҷаи олии тахассусӣ (омӯзгорони дараҷаи олӣ) доранд, таҳсил дар зинаи магистратураи соҳаи педагогика дар шакли таҳсили фосилавӣ (магистратураи мақсаднок) ташкил карда мешавад.
Қабул ба магистратураи мақсаднок тибқи тартиби муқарраргардидаи қабул ба магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олӣ амалӣ мегардад.
Омӯзгорони дорои дараҷаи олӣ:
таҳсилро дар магистратураи мақсаднок бидуни ҷудо шудан аз ҷойи кор ва дар шакли таҳсили фосилавӣ идома медиҳанд;
пас аз хатми магистратураи мақсаднок уҳдадор мешаванд, ки ба муҳлати 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намоянд;
дар сурати қабул шудан ба магистратураи мақсаднок, нисбат ба онҳо шартҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пардохт намудани маблағи шартнома, ки бо қарори Девони Вазирон аз 15 августи соли 2022, №447 пешбинӣ шудааст, татбиқ намегардад.
Аз соли таҳсили 2026/2027 омӯзгорони дорои дараҷаи олӣ дар Донишгоҳи миллии педагогии Ӯзбекистон ба номи Низомӣ ба магистратураи мақсаднок ҷалб карда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: