Олиме, ки илм дар дилаш ошён гузоштааст

Гуфтугӯ бо доктори илми фалсафа оид ба улуми суханшиносӣ, раиси Бунёди байналмилалии ба номи Алишери Навоӣ, директори Пажӯҳишгоҳи масоили иҷтимоиву маънавӣ, соҳиби унвони Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Олимҷон ДАВЛАТОВ.

– Олимҷон, дер боз мехостам бо Шумо суҳбати озоде дошта бошам. Чанде қабл бино ба фармони роҳбари мамлакат бо унвони Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардидед. Хуҷаста бод! Дар ибтидо мехостем бидонем, ки ҷиҳати камолоти маънавӣ ва илмии Шумо киҳо саҳм гузоштаанд? Аз нигоҳи Шумо дар ташаккули инсон муҳити оила чӣ нақше дорад?

– Нахуст, барои табрик ташаккур. Воқеан, агар даҳ сол қабл аз ин хабари Корманди шоистаи фарҳанг шудани ҷавонмарде, ки дар Тоҷикистон таҳсил кардаву миллаташ тоҷик аст ва солҳо боз дар ҷодаи илм сару кор дорад, ҳамчун як ҳодисаи овозадор талаққӣ мешуд, имрӯзҳо, дар замони Ӯзбекистони навин,  қадрдонии аҳли илму фарҳанги тоҷик як ҳодисаи муқаррарист.  Тавре ҳазрати Румӣ фармудаанд:

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем...

Дар айёми зиндагӣ ва дар айни авҷи камолоти эҷодӣ сарфароз гардидан бо ин унвон, албатта, бахт аст. Ва дар ҷодаи илм сарсупурда буданам, яке аз орзуҳои волидайни гиромиям мебошад. Ба маъное муҳити хонаводаи мо ба сари худ бахше аз адабиёт, фарҳангу маънавият буду ҳаст. Шояд худситоӣ бигӯед, лекин ҳақиқат аст, ки то ҳанӯз дар оилаи мо фазои фарҳангии асримиёнагӣ пойдор мебошад. Падару модарам, ки омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик ҳастанд, ҳамеша суҳбату баҳсҳои мо дар атрофи шеър, адабиёт, сухани бадеӣ, қадри сухан сурат мегирифт. Ва қариб рӯзе набуд, ки дар хонаи мо ҳофизхониву саъдихониву ҷомихониву фирдавсихонӣ доир нагардад. Аввалин китобе, ки ҳанӯз дар айёми кӯдакӣ мутолиа намудам, достонҳои «Шоҳнома» дар нигориши устод Сотим Улуғзода буд. Ва ҳамин боис шуд, ки дар дилам ба китоб, мутолиа ва донишандӯзӣ меҳр пайдо шавад. Вақте инсон аз овони кӯдакӣ мебинад, ки ҳамсолон ва калонсолон ба одамони китобхон эҳтироми хос доранд ва дарк месозад, ки он ҳама гиромидошту эъзоз ба шарофати китобдӯстиву китобхонӣ аст, дар зеҳну дили ӯ нисбат ба ин анису дӯсти беғараз меҳру дилбастагии бештар пайдо мешавад. Ва маҳз ҳамин боис шуд, ки шояд аз синни 5-6 солагӣ то имрӯз китоб ҳамсафари доимии инҷониб аст.

Шоир Бозор Собир рӯзгоре бо  ифтихори ҳузнангез гуфта буд:

Дар пушти ман авлиё набуд, пир набуд,

Девори баланду кӯҳи Помир набуд,

Дар пушти сарам латтамазорон буданд,

Бо латтаи пора-пораи сурху кабуд.

Аммо ман бо эҳтироми пурифтихор метавонам бигӯям,  дар масири зиндагӣ устодони нексиришт такягоҳи маънавӣ ва раҳнамои камина буданд.

Солҳое, ки дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил мекардам, боди ҷанги бародаркуш шамъи умеди мардумро кушта буд. Мардум аз пайи пораи ноне ҳар тараф сарсону парешон буданд. Дар ҳамон солҳои нобасомон низ устодони мо ҳар рӯз ба дарс меомаданд ва рисолати устодии худро шарафмандона анҷом медоданд. Хушбахтам, ки аз файзи суҳбатҳо ва маърӯзаҳои Матин Ҳусейнзода, Фарҳод Деҳотӣ, Фия Исоева, Ҳалим Муъминов, Додихудо Саймиддин, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Абдулҳай Маҳмадамин ва дигар сарсупурдагони илму фарҳанг баҳравар шудаам.

Тошканд саввумин мактаби ман дар ҷодаи илм ва ҳаёт аст. Алалхусус, нақши устоди равоншодам – аллома Наҷмиддин Комилов беназир аст. Ӯ ҳамеша мегуфт: «Муҳим он нест, ки ба кадом забон рисолаи илмӣ менависӣ, муҳим он аст, ки чӣ навгоние ба дунёи дониш изофа мекунӣ». Ин панди устод  қутбнамои кору эҷоди инҷониб буду ҳаст.

– Ба сифати адабиётшиноси варзида оё гуфта метавонед, ки алҳол дар кишвари мо навоишиносӣ то куҷо рушд кардааст?

– Бояд гуфт, ки асри ХХ асри шинохт, таҳқиқ ва муаррифии Мир Алишер Навоӣ буд. Дуруст аст, ки дар асрҳои миёна низ на танҳо дар қаламрави Мовароуннаҳр, балки дар Хуросон ва берун аз он низ «Девон»-и ашъор ва «Хамса»-и Навоиро мутолиаву китобат мекарданд. Ҳоло дар ганҷинаҳои маънавии мамолики мухталифи дунё зиёда аз панҷ ҳазор нусхаи хаттии осори Навоӣ маҳфуз аст. Дар ин маврид таъкиди як нукта ҷоиз аст. Соли гузашта, вақте мо дар Симпозиуми байналмилалии Алишер Навоӣ ва Ҷалолуддини Румӣ дар шаҳри Қунияи Туркия ширкат доштем, яке аз олимони варзидаи Босния ва Ҳерсеговина Мунир Мукртич дар бораи яке аз нусхаҳои нодири осори Навоӣ дар Сербия маълумот дод. Олимае аз Албания роҷеъ ба нусхаҳои дар асри XVI китобатшудаи «Маҷолис ун-нафоис»-и Навоӣ ва тарҷумаҳои форсии он дар ин кишвар як маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нусхаҳои осори Навоӣ дар чор қитъаи рубъи маскун мавҷуд аст ва дар асрҳои миёна Навоӣ дар радифи Хоҷа Ҳофизу Саъдиву Фузулӣ аз серхонандатарин шоирони давру замон ба ҳисоб мерафт.

Аммо танҳо пас аз солҳои 1925-30-юми асри гузашта навоишиносӣ ҳамчун як риштаи мустақили адабиётшиносии ӯзбек рушд кард. Бояд гуфт, ки дар ташаккул ва таҳаввули навоишиносӣ дар минтақа олимони тоҷик ҳам саҳми арзанда гузоштаанд. Масалан, олимоне чун Садриддин Айнӣ ё Абдулғанӣ Мирзоев то ба ҳол дар радифи олимони пешсафи навоишиноси ҷаҳон шинохта мешаванд. Пас аз солҳои истиқлол низ навоишиносӣ рушд кард, аммо аз сари инсоф бояд бигӯем, ки дар замони Ӯзбекистони Нав навоишиносӣ ба марҳилаи нави рушд расид. Имрӯз орзуҳои устодони мо амалӣ мешаванд. Чаҳор ҷилди «Энсиклопедияи Навоӣ» ба чоп расид. Имрӯз Бунёди ҷамъиятии байналмилалии ба номи Алишер Навоӣ, ки сарварияшро банда ба уҳда дорам, бо қарори Президент ба таҳия ва нашри садҷилдаи осори Навоӣ пардохтааст ва феълан зиёда аз чил ҷилди он ба чоп расид.

– Аз нигоҳи Шумо олимони ҷавон барои ворид шудан ба олами маънавии Алишер Навоӣ ва тадқиқи шоиставу боистаи  шоҳасарҳои ӯ бояд бо чӣ донишҳо мусаллаҳ бошанд? Шахсан инҷонибро тадқиқоти баъзе олимон дар ин росто қонеъ намегардонад. Чунин ба назар мерасад, ки «тадқиқот»-и онҳо ба ахбори адабӣ монанд аст. Фикр мекунам, ҷавобҳои тӯлонӣ ба суолҳое чун «Навоӣ чанд сатр ё чанд байт иншо кардааст?», «Чӣ миқдор пулу ҳаммом созонд?»,  «Дастхати осори ӯ дар кадом китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд?» ба қимати мақола ё асари илмӣ намеафзояд. Барои дарку баррасии моҳияти осори Навоӣ барин шоирони ориф муҳаққиқ, дар баробари вуқуфи комил доштан аз саноати бадеӣ,  бояд маърифати исломӣ низ дошта бошад...

– Устод Лоиқ дар шеъри «Ифтихор ва эътироз»-и хеш фармудааст:

...номзадчаҳое,

ки аз савлаташон осиё мегардад,

докторчаҳое,

ки аз ҳайбаташон

замин меларзад...

оҷизанд

байтеро,

талмеҳеро

маъно кунанд

аз Бедил...

Имрӯз мо ба бисёр касоне вомехӯрем, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Навоӣ ё дигар шоирони классик рисолаи номзадӣ ё докторӣ дифоъ мекунанд, аммо наметавонанд байте ё образу тимсолеро аз осори онҳо саҳеҳ маънидод намоянд, ба умқи эҷодиёташон бирасанд. Ва маҳз дониши сатҳӣ доштан, эҳсос накардани моҳияти сухани адабӣ боиси чунин ҳолат мегардад. Биёед, дар мисоли достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ бигирем. Танҳо то асри XV ба ин достони маъруф беш аз 37 маротиба назира ё ҷавобия навишта шудааст.

Яъне, Навоӣ ба туркӣ, Амир Хусрав, Ҷомӣ ё дигарон ба форсӣ ба ин достон ҷавоб гуфтаанд. Вақте ин достонҳоро мехонем, пай мебарем, ки онҳо хатти сужети на он қадар мураккаб доранд. Яъне як воқеаи одӣ ба риштаи назм кашида шудааст. Аммо дар адабиёти классикӣ, аз ҷумла, дар асрҳои миёна тасовир, тарзи суханпардозӣ, баёни мавзӯъ, санъатҳои бадеӣ, матбӯъ будани тарзи баёну ифода, инчунин, тасвирҳо дар сатҳи олӣ буд. Бигирем, вохӯрии Лайлӣ ва Маҷнунро дар дашти беобу гиёҳи араб, ки Низомӣ, Ҷомӣ, Навоӣ ва дигар шоирон онро тасвир кардаанд. Тасвирҳо чунон зебоянд, ки ҳатто мусаввир наметавонад онро ин гуна мӯшикофона ва дақиқназарона ба амал оварад. Ва барои бо сухан зинда кардани образҳо, идроки зебоиҳои табиату тасовир ва таҳқиқи маҳорати бадеӣ, ҳар як хонанда бояд дар ниҳоди хеш завқи бадеӣ дошта бошад, аз тасвирҳо лаззат бибарад ва моҳияти онҳоро амиқ дарк карда тавонад.

Ин чӣ гуна даст медиҳад? Танҳо дар он ҳол имконпазир хоҳад буд, ки агар мо дар бораи муҳити адабии асрҳои миёна дониши амиқ дошта бошем. Аммо афсӯс, тавре ки шумо гуфтед, мо танҳо дар асоси ҳамон маълумоти статистикӣ гӯё дар бораи мутафаккирони асрҳои миёна таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳем. Ин худфиребие беш нест. Ба ин хотир, ҳоло огоҳӣ доштан аз маърифати исломӣ ё санъати бадеӣ лозим ва ногузир аст. Бертелс низ дуруст гуфтааст, ки «барои вуқуфи комил доштан аз осори Навоӣ ва дарки Навоӣ бояд аз китобхонаи ӯ баҳраманд гардид». Яъне китобҳоеро, ки Навоӣ хонда буд, бояд аввал мо ҳам бихонем ва танҳо пас аз он ба омӯзиши Навоӣ пардозем. Аммо касе, ки Қуръон нахондааст, ҳадисро намедонад, аз Ҳофиз, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ё Шайх Фаридуддини Аттор бехабар аст, наметавонад аз дарсхонаи Навоӣ сабақе гирифта бошад. Ба ин хотир, моро лозим аст, ки пеш аз ҳама китобҳоеро, ки Навоӣ мутолиаву баҳрабардорӣ кардааст, аз онҳо таъсирпазирӣ намудааст, бихонему бидонем. Бояд гуфт, ки дар сафи аввали ин китобҳо Қуръони Карим ва аҳодиси набавӣ меистад.

– Боре бо олими ҷопонӣ Шизуо Шимада, ки мавзӯи илмиаш ба гӯиши тоҷикони Самарқанду Бухоро иртибот дошт, суҳбати ҷолиб доштем. Ӯ дониши фарох дошт. Зимни суҳбат пурсидам, ки «Унвони илмӣ дорӣ?». Гуфт: «На, дар Ҷопон унвони илмӣ гирифтан кори басе сангин аст. Агар кори илмии олим ба истеҳсолот ё дигар соҳаҳои зиндагӣ як андак суд набахшад, ба ӯ унвони илмӣ намедиҳанд. Баъзе олимон аз дунё бе унвон мегузаранд». Ба хотири пешрафти мамлакат, магар намешавад дар мо низ чунин қоида ба роҳ монда шавад?

– Пеш аз ҷавоб гуфтан ба ин савол, яъне дар бораи унвони илмӣ ва олим будан, мехоҳам воқеаеро нақл кунам. Чанд сол муқаддам, вақте ки мо китоби «Донишномаи Навоӣ»-ро омода мекардем, хостем дар иловаи китоб дар бораи диссертатсия, яъне рисолаҳои номзадиву докторие, ки перомуни рӯзгор ва осори Мир Алишер Навоӣ дар Ӯзбекистон ҳимоя шудаанд, маълумоти фишурдае бидиҳем. Дар ин феҳрист беш аз 137 кори номзадиву докториро ҷой додем. Баъдан, фурсат даст дода, онҳоро омӯхтем ва дар анҷом гурӯҳи олимон ба чунин хулоса омадем, ки аз 137 диссертатсия танҳо ҳафт ё ҳашт рисола аз ғалбери замон гузаштаасту халос. Дигар ҳама ба боди фаромӯшӣ рафтаанд. Ва имрӯз ҳам чунин аст. Ҳоло дар Ӯзбекистон зиёда аз 30 ҳазор номзад ва докторони илм ҳастанд. Аммо мо 30 ҳазор олим надорем. Олим будан дигар асту доктор ё профессор будан дигар.

– Сифати таълим ҳамеша дар мадди назари роҳбари давлатамон аст. Ба ин хотир, дар кишварамон муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир бунёд мегарданд, ки фараҳбахш мебошад. Вале сифати таълим ғайриқаноатбахш боқӣ мемонад. Аксарияти шогирдон, баъди хатми мактаб, ба сари худ тарҷумаи ҳол, ариза, иншо ё нақли хаттӣ навишта наметавонанд. Олимони жарфбин бар онанд, ки бояд механизми таълими забон ва адабиёт дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ куллан тағйир дода шавад. Шумо дар ин бобат чӣ назар доред?

– Сад сол пеш, яъне, дар оғози асри ХХ рӯшанфикрону зиёиён ё худ ба ибораи имрӯз гӯем, ҷадидҳо алайҳи бесаводии  мардум мекӯшиданд. Аммо пас аз сад сол, яъне дар оғози чоряки дувуми асри ХХI низ вазъият он қадар тағйир наёфтааст. Агар дар он айём ҷадидон ва пешиниёни тозаназарамон алайҳи бесаводӣ мубориза бурда бошанд, имрӯз мо бояд бар зидди чаласаводӣ, кӯрдилӣ, алайҳи таассуб ва ҷаҳли мураккаб мубориза барем. Бояд гуфт, ки мубориза бар муқобили бесаводӣ осонтар аст аз талош барои барҳам додани чаласаводӣ. Ва имрӯз иншо ё нақли хаттӣ навишта натавонистани мардум, як сухани мураттабу бомантиқ гуфта натавонистани бархе аз чеҳраҳои маъруф, шахсони ба ном рӯшанфикру кормандони фарҳанг як дард, як мавзӯи доғи рӯз аст. Шояд иншо ё нақли хаттӣ гирифтан ба ҳалли ин мушкил то ҳадде кумак расонад, аммо сад афсӯс, ки ҳоло ҳатто он равшанфикроне, ки як замон бо навиштани иншову нақли хаттӣ ё диктант ба мактабҳои олӣ дохил шуда буданд, наметавонанд озодона ҳарф зананд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки мо бояд равишу усулҳои нав ва муосири омӯзиши забон ва адабиётро роҳандозӣ намоем. Чунки имрӯз мо дар асоси методика, яъне услубиёти мардуми Ғарб бештар ба тафаккури интиқодӣ эътибор медиҳем. Ба масъалаи бо роҳи аз ёд кардан мустаҳкам намудани қувваи ҳофиза камтар таваҷҷуҳ менамоем. Аммо вақте мо ба тарзи таълим дар асрҳои миёна ё худ дар мадрасаҳо, ё бигирем, дар раванди таҳсилотии Эрон диққат мекунем, аён мегардад, ки онҳо ҷавононро маҷбур мекунанд, то матнҳои классикии адабиро ҳифз намоянд.

– Шумо тӯли чанд соли фаъолият таълифоти зиёде анҷом додаед. Дар ин хусус ва нақшаҳои худ, ба таври фишурда, маълумот медодед...

– Тӯли солҳои фаъолият якчанд таълифотро анҷом додем ва боз назди худ мақсадҳои бузург дорем, ки зина ба зина амалӣ хоҳем кард. Агар дар бораи нақшаҳои имсола бигӯям, омодасозӣ ва чопи чанд китоб дар назар аст. Яке аз онҳо ба анҷом расонидани сенарияи филми бадеии «Алишер Навоӣ» мебошад. Дигаре омода ва ба табъ расонидани «Хамса»-и Ҷамолии Табрезӣ аст, ки дар оғози асри XV милодӣ бо амри Бойсунғур Мирзо иншо шуда, яке аз намунаҳои хамсанависии аҳди Темуриён ба шумор меравад. Инчунин, аз Китобхонаи Бодлиян нусхаи хаттии «Хамса»-и Ашрафи Мароғиро, ки дар замони иншои таълифоти Мир Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба анҷом расидааст, дастрас кардем. Ҳоло онро комилан ба ҳуруфи имрӯз баргардондем ва ният дорем то анҷоми сол чоп кунем. Ва дигаре аз нақшаҳо интишори 40 ҷилди навбатӣ аз осори садҷилдаи Навоӣ мебошад. Агар умр вафо кунад, боз чанд нақшаи дигар дорем, ки ҳоло ба анҷом нарасидааст ва аз гуфтан дар ин бора беҳтар аст, ки худдорӣ кунем.

***

Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румӣ фармудааст:

Илмро бар тан занӣ, море бувад,

Илмро бар дил занӣ, ёре бувад.

Олими Инсон ва инсони Олим – Олимҷон Давлатов аз зумрае олимонест, ки илм дар дилаш ошён гузоштааст.

Абдулло СУБҲОНОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: