«Volkswagen» ният дорад то 100 ҳазор ҷойи кориро дар саросари ҷаҳон ихтисор кунад

Ширкати Volkswagen Group дар чанд соли оянда метавонад то 100 ҳазор ҷойи кориро дар саросари ҷаҳон ихтисор намояд.

Ширкат метавонад танҳо бо ихтисори ҷойҳои корӣ маҳдуд нашавад.
Ширкати Volkswagen Group дар чанд соли оянда метавонад то 100 ҳазор ҷойи кориро дар саросари ҷаҳон ихтисор намояд.
Тибқи маълумот, ширкат дар рӯи нақшаи нави коҳиши ҷиддии хароҷот кор мекунад. Дар сурати тасдиқи ин нақша, шумораи ҷойҳои кори ихтисоршаванда нисбат ба ҳадафи қаблан муайяншуда ду баробар бештар хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки айни замон ширкат дар саросари ҷаҳон тақрибан 657 ҳазор кормандро бо ҷойи кор таъмин кардааст. Намояндаи ширкат аз шарҳи ҳуҷҷатҳои дохилӣ ва махфии ширкат худдорӣ намуда, таъкид кардааст, ки чунин қарорҳо бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори идоракунӣ баррасӣ ва тасдиқ шаванд.
Ҳамчунин, эҳтимол дорад ширкат танҳо бо ихтисори ҷойҳои корӣ маҳдуд нашавад. Ба иттилои манбаъҳо, «Volkswagen Group» имкони ҷудо кардани бренди асосӣ ва бахши истеҳсоли ҷузъу қисмҳои худро ба ширкатҳои алоҳида низ баррасӣ мекунад. Ҳадаф аз ин иқдом осон кардани ҷалби сармоя тавассути бозори саҳомӣ арзёбӣ мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: