Номи ин бонуи фаъол, зиёӣ ва таърихиро аз овони ҷавониам бисёр мешунидам. Вале намедонистам, ки кисту чикора аст?
Баъд аз гузашти солҳо донистам, ки вай рӯзноманигор ва яке аз аввалин бунёдгузорони матбуоти даврии Ӯзбекистон будааст. Оре, Собира Холдорова. Ӯ соли 1907 дар маҳаллаи Сероб (имрӯз Дӯстлик)-и шаҳри Чуст дар хонаводаи деҳқони камбағал дида ба дунё кушодааст. Падараш – Холдорбой деҳқони оддӣ, модараш Комила зани ҳунарманд – тӯппидӯз буданд. Минбаъд оилаи онҳо хонаро фурӯхта, аз қарибии масҷиди ҷомеи маҳаллаи Панҷсадаи шаҳр ҳавлии васеи заминдорро харида, ба он ҷо мекӯчанд. Зиндагии хонадон аз ҳосили замин – картошка, лӯбиё ва ҷувории ҳарсолаашон буд. Соле аз камии об нисфи кишт хушкида, ними дигараш обталаб мешавад. Холдорбой шабе баъди адои намози хуфтан каланд бар китф ҷониби сой меояд. Оби рӯди Панҷсада дар ихтиёри сарватмандони ҳарису бахил буд. Аз он мардуми атроф на ҳамеша истифода бурда метавонистанд. Холдорбой ба назоратчиёни бой ҳол гуфта, хоҳиш мекунад, ки ба ӯ ба андозаи як дастаи каланд об диҳанд. Назоратчие бо пора об кушода медиҳад. Пас аз чанде бой аз ин хабар меёбад ва бо амри ӯ хидматгоронаш назоратчиро калтаккӯб мекунанд Холдорбойро бо каланд зада-зада мекушанд.
Ин фоҷиа рӯзи сахти Комилахону духтараш Собираро тиратар кард. Модару духтар бо қарзу ёрмандиҳо маити Холдорбойро ба хок месупоранд. Барои Собираю модараш, ғайр аз тағояш Умари Қӯзибой, ягон каси дилсӯз намонда буд. Вале ӯро низ аз паси обдиҳӣ мисли Холдорбой думравонаш бо фармони бой ваҳшиёна мекушанд Комилаю духтараш боз бо қарзу қавола ҷонсӯзашонро дафн мекунанд. Намедонистанд, ки аз ин мусибатҳо чӣ тавр раҳо шаванд.
Шабе бо маслиҳат модару духтар ба Хуқанд, ба манзили як хеши дурашон мераванд. Хешашон аз сабаби вазнинии шароити зисташ онҳоро қабул намекунад. Барои наҷотёбӣ Собираи 12-соларо ба Салоҳиддин ном одами давлатманд ба шавҳар медиҳанд. Он ба азобдидагон хурсандӣ не, дарду ғами бештар меоварад.
Собираи наврасу ҳаётнодида дар даргоҳи бой сар набардошта, тамоми рӯз меҳнат мекарду ҷавобан аз соҳибхона суханони носазо мешунид, ҷабр медид.
Рӯзе барои эътирозаш ба муомилаи дағал бойи шӯрида ӯро задаву кӯфта, дар оғил занҷирбанд мекунад. Собира бо оҳу нола, гуруснаву зор чанд вақт дар оғили торик мемонад. Барои аз ин оғили бадбӯй раҳоёбӣ ӯ як тахтаи ноустувори молхонаро шикаста, аз он ҷо мегурезад. Милитсионере ӯро танҳо, хунолуд ва бо либоси дарида ёфта, ба мактаб-интернати шаҳри Хуқанд месупорад. Комилахола духтарашро дар ин ҷо озода ва бо сару либоси пок дарёфта, худаш низ корманди ин муассисаи таълимӣ мешавад. Дар Хуқанд курси шашмоҳаи муаллимтайёркунӣ кушода мешавад ва Собираи чаҳордаҳсола онро хатм карда, соҳиби диплом мегардад, дар мактабҳои шаҳр муаллимӣ мекунад. Замон пеш рафта, талаб ба донишу малакаи касбӣ меафзуд. Дар дили Собира дубора ҳаваси илму касбомӯзӣ сар зада, ӯ ин хоҳишро ба модар маълум мекунад, онҳо барои амалӣ намудани ин орзу ба Тошканд кӯч мебанданд. Дар хонаи иҷора зиндагӣ карданд. Модар тӯппидӯзӣ мекарду духтар дар омӯзишгоҳи педагогии занона таҳсил менамуд. Пас аз хатми омӯзишгоҳ дар мактаби занонаи як маҳаллаи шаҳри Тошканд омӯзгорӣ кард ва дар даврони аввали нашри маҷаллаи «Янги йӯл» (маҷаллаи иҷтимоиву сиёсӣ ва адабиву бадеии бонувони Ӯзбекистон «Саодат»-и имрӯза) ба он муҳаррир таъин шуд. Аз ин лаҳза фаъолияти журналистии ӯ ибтидо гирифт. Соли 1924 узви ҳизби коммунистӣ гардид. Баъди 2 сол ба Донишкадаи умумииттифоқии журналистикаи Маскав дохил шуда, баъди хатми он нахустин бонуи журналисти дипломдори на танҳо Ӯзбекистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ гардид. Баъди бозгашт ба Тошканд дар чандин рӯзномаю маҷаллаҳои давр фаъолият бурд. Вай кадри зарурӣ буд, бино бар ин соли 1930 ҷонишини раиси Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Ӯзбекистон оид ба ташвиқот, инчунин раиси сектори кор бо занону духтарон таъин гардид. Баъдтар дар вазифаи боз масъулиятноктар – котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Кирови шаҳри Тошканд кор кард.
Соли 1930 шавҳари ӯ – рӯзноманигор ва нависанда Саидаҳмад Назировро бо тамғаи «миллатчӣ» паронданд. Барои наҷотёбӣ аз буҳтони ҳамсари «миллатчӣ»-ю «хоини Ватан» будан ба ҳамкасби худ Муъминҷон Усмонов ба шавҳар баромад. Вале Мӯъминҷонро низ чун «душман»-и давлати шӯро парронданд. Соли 1937 Собира Холдороваро бо айбҳои «ҳамсари миллатчӣ» ва «алоқа бо ҳаракати аксулинқилобчигӣ» ҳабс карданд. 5 декабри соли 1940 ӯро ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум намуда, ба кишвари дуру сарди Ёқутистони Русия фиристоданд.
Собира Холдорова аввали солҳои 50-ум ба Тошканд баргашт. Соли 1956 ваю ҳамсараш «сафед» шуданд. Собира аз ин сарсониву саргардониҳои солҳои дароз ба дарди асаб печида, соли 1984 вафот кард.
Собира аз ду шавҳар ду фарзанд дид. Пӯлодҷон ва Манзура. Пӯлодҷон ҳанӯз дар 17-солагӣ баҳри халос хӯрдан аз таънаҳои фарзанди «душмани халқ», «миллатгаро» ва «хоини ватан» ба комиссариати ҳарбӣ ариза дода, хоҳиш кард, ки ӯро ба ҷанги зидди фашистони олмонӣ фиристонанд. Дар ҷабҳаҳои оташфишон чанд бор захмӣ шуда, пас аз зафар бо ҷароҳат ба ватан баргашт. Ин ҷароҳат соли 1969 риштаи ҳаёти Пӯлодҷонро дар синни 44-солагӣ барканд, ки барои дили хаставу озордидаи Собира Холдорова зарбаи сахте буд.
Духтараш Манзураи мавлудаш соли 1932 аввалин доктори улуми физикаю математика, профессор аз байни занони Ӯзбекистон дар Пажӯҳишгоҳи физикаи ядроии Академияи илмҳои Ӯзбекистон мудири лаборатория буд. Ҳусанбой Холдорови 76-сола дар бораи Собира Холдорова чунин нақл менамояд:
– Мо бо Собира Холдорова ҳамнасаб ва аз ҷониби модар хешем. Модарам Меҳринисо Зоҳидова ҷияни Собира Холдорова буданд. Дар манзилгоҳи воқеъ дар ноҳияи Чилонзори Тошканди Собирахола зиндагӣ карда, ман дар Донишкадаи политехникӣ, бародарам – Расулҷон дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд таҳсил мекардем. Аз ҳоли Собирахола хабар мегирифтем. Он кас дар хонаи духтарашон Манзура, дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд истиқомат менамуданд. Манзурахола дар шаҳри Дубнаи вилояти Маскав, ки яке аз калонтарини марказҳои тадқиқотии физикаи ядроии Русия ба шумор мерафт, рисолаҳои номзадӣ ва докториашонро бо сарбаландӣ ҳимоя карда, доктори илмҳои физикаю математика, профессор шуданд. Собирахола ба мо насиҳат мекарданд, ки нағз хонему кадрҳои хуб шавем. Бародарам Расулҷон Холдоров дар идораҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хоразм, ноҳияҳои Поп, Чортоқу Тӯрақӯрғони вилояти Намангон муфаттиш буданд. Азбаски падарамон – Холдорҷон иштирокчии ҷанг, маъюби гурӯҳи якум буданд, боз барои хидмати он кас ба шаҳри Чуст баргаштанд. Ҳоло нафақахӯр мебошанд. Ман ҳам чун фарзанди аз ҳама хурдию соҳибхонаи оянда баъди таҳсил аз Тошканд ба назди падар баргаштам. Аз вазифаи муҳандисии сохтмон ба нафақа баромадам. Соли 2007 роҳбару масъулони мактаби миёнаи умумии рақами 5-уми шаҳри Чуст ба тадбири ботантанаю фаромӯшнопазир – 100-солагии Собира Холдороваи мумтоз, ки таълимгоҳ номи он касро дошт, мо, хешонро низ таклиф намуданд. Иштирок карда, аз аҳли мактаб хеле миннатдор шудем.
Нақли Махфират Боқиеваи 67-сола низ дар бораи холаи модараш аҷиб аст:
– Собира Холдорова холаи модарам Ризлиқбибӣ Кенҷаева буданд ва ба мо, фарзандон ҳам, хола маҳсуб меёфтанд. Ба ман низ бисёр ёриашон расидааст. Зеро дар хонаи онҳо зиндагӣ карда, таҳсилро дар факултаи алоқаи электронии автоматии Донишкадаи алоқа (ҳоло Донишгоҳи технологияи иттилоотӣ)-и Тошканд хатм кардаам. Холаам бисёр мехостанд, ки дар Тошканд монда, кору зиндагӣ кунам, вале ман ба Чуст бозгаштам. Дар истгоҳи автоматии телефонии шаҳр чун муҳандис кор кардам. Собирахолаам гашта-гашта афсӯс хӯрда, бо алам мегуфтанд, ки ноҳақ ҷазо дида, ба дарду бало гирифтор шудаанд. То охири умр аз бемории асаб азият кашида, аз олам гузаштанд.
Аз ҷумлаи авлод танҳо духтари Ҳусанбой Холдоров – Шаҳло аз пайи рӯзноманигори номдор Собира Холдорова рафта, касби журналистиро интихоб кард. Ҳоло вай дар шаҳри Тошканд бо ҳунари табъу нашр машғул аст.
Хеле сазовор ва қадрдонӣ аст, ки пайкараи ӯ дар назди бинои машҳури хиёбони Навоӣ,30 дар пойтахт гузошта шудааст (дар сурат), ки ин худ як нишонаи ёдкарди нек аз аввалин журналистзани ҳампешаамон аст.
Миршароф Мирзоев.
Вилояти НАМАНГОН.
Аксбардор: Т.Ховарӣ.