Исму насаби ӯ Собири Бурҳон аст, вале мардум дар кӯчаву кӯ ё маърака чун бо вай рӯ ба рӯ оянд, сӯяш бо ишора «ана ҳамин кас «Чашми дил» мегӯянд.
Зеро Собири Бурҳон баранда ва муаллифи барномаи «Чашми дил»-и шабакаи давлатии телевизион ва радиои Самарқанд аст.
Қобили зикр аст, ки ӯ бо рӯзномаҳои «Овози Самарқанд», «Гулобод тонги» ва ғайра ҳамкорӣ дорад, ҳамзамон аксбардорӣ машғулияти дӯстдоштаи ӯст. Табиати зебою нотакрори Самарқанд, чеҳраҳои фарҳангию адабӣ ва анҷуману ҷашнвораҳои гуногунро ба навор гирифта, дар барномаҳои «Чашми дил» ва мавҷи радио пахш мекунад. Собири Бурҳон ҳамчун устоди сахтгиру ҷиддӣ, вале меҳрубону дилсӯз дар миёни шогирдони бешумор шуҳрат дорад.
Хатмкунандаи факултаи филологияи тоҷик ва узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон аст.
– Нахустустодам модарам Салтанат Шарифова буданд, – мегӯяд Собири Бурҳон.
– Сад дареғ, ки дар синни 14 аз падарам Субҳон Бурҳонов нобаҳангом ҷудо шудему тамоми ранҷу душвориҳои ҳаёт ба дӯши модарамон афтод. Бояд гӯям, ки устухонам аз нони ҳалоли муаллимӣ сахт шудааст. Барои ҳамин ҳам ба соҳибони ин касб эҳтироми хос дорам. Чашмаи дигари меҳрам – барномаи «Чашми дил» аст.
Ҳақҷӯӣ, ошкорбаёнӣ ва гузориш оид ба масъалаҳои мубрами рӯз ному овози Собири Бурҳонро миёни мухлисони симо ва садои Самарқанд ошно ва маҳбуб намуданд. Гузоришҳои ӯ аз таҷлили гузаргоҳи Ҷартеппа – Саразм, Наврӯзи Аҷам, истиқлоли кишвар ва алалхусус лавҳаю очеркҳо дар бораи фарзандони фарзонаи Самарқанд, мусоҳиба бо меҳмонони хориҷӣ басо дилнишину хотирнишинанд. Ӯ барои боз ҳам пурмазмуну шавқовар таҳия гардидани барномаву гузоришҳо мунтазам дар ҷустуҷӯйи эҷодӣ мебошад.
– Собири Бурҳон журналисти соҳибтаҷриба ва соҳибэҳтиром аст, – мегӯяд иҷрокунандаи вазифаи директори ширкати мазкур Маннон Убайдуллоев. – Барномаҳои ӯ дар «Оинаи нилгун» ва радио дар байни мухлисон маҳбубият доранд. Инсони фозил, хоксору меҳрубон аст. Бо зиндадиливу шӯхтабиатии худ касро ба дӯст доштани ҳаёт, гиромӣ доштани умр, беҳуда нагузаронидани даврони ҷавонӣ даъват мекунад.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар
вилояти Самарқанд.