Лола Раҳимова аз ҷумлаи кормандони собиқадори «Овози Самарқанд» аст. Ӯ беш аз сӣ сол аст, ки мусаҳҳеҳи ин рӯзнома мебошад. Бинобар масъулиятшиносӣ, кордонӣ, самимияту муносибати нек бо ҳамкасбон, дӯстону муштариёни нашрия соҳиби эҳтиром ва эътибор гардидааст.
Лола Раҳимова дар маҳаллаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд таваллуд шуд. Ин маҳалла зодгоҳи як қатор адибон ва эҷодкорони маъруфи тоҷик, аз ҷумла, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Болта Ортиқзода, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода ва дигар чеҳраҳои фарҳангӣ мебошад.
Мактаби миёнаи рақами 25-уми ба номи Абдусалом Деҳотиро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, барои идомаи таҳсил ба факултаи физикаи Донишкадаи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурд.
Вале ба қавле, кораш омад накард. Бо вуҷуди ин рӯҳафтода нашуд. Баръакс вақти холии худро бо мутолиаи китобҳои бадеӣ ва вусъат бахшидани ҷаҳонбинии худ мегузаронд.
Боре духтари холааш Дилфуза хабар расонд, ки дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Самарқанд қабули довталабон идома дорад.
Оре, дар зиндагии ҳар инсон баъзан касоне пайдо мешаванд, ки дар интихоби роҳи зиндагӣ ва ташаккули ҷаҳонбиниву камолоти маънавии ӯ нақши муҳиму сарнавиштсоз мебозанд. Як маслиҳати хайрхоҳона ё роҳнамоии оқилона метавонад самти зиндагии инсонро дигаргун сохта, ба ӯ неруи тоза, умед ва эътимод бахшад. Дар сарнавишти Лола Дилфуза чунин роҳнамо гардид, ӯро ба роҳи нави зиндагӣ раҳнамун сохт.
Онҳо якҷо ба омӯзишгоҳ рафта, баъди бо муваффақият супурдани имтиҳонҳо ба хондан қабул шуданд. Лола ихтисоси коргузориро интихоб кард. Чун ба дастгоҳи нави чопии тамғаи «Украина» нигарист, вуҷудашро эҳсоси аҷибе фаро гирифт. Ба назараш чунин менамуд, ки ин дастгоҳ барояш бегона нест ва гӯё солҳои дароз бо он кор кардааст.
Аввалин устодаш Алиса Ивановна аз истеъдод ва қобилияти фавқулодаи шогирди худ дар ҳайрат мемонд. Лола, ки дорои зеҳни тез буд, маҳорати чопкуниро дар муҳлати кӯтоҳ аз худ кард. Ангуштонаш рӯйи тугмаҳои дастгоҳ моҳирона ҳаракат мекарданд, матнҳоро бо суръати баланд, ҳатто ҳайратангез, осону равон чоп мекард.
Алиса Ивановна, ки аз маҳорати шогирди ҷавон ба ваҷд омада буд, боре бо меҳру ифтихор гуфт:
– Лоличка, ты талант. Ман бовар дорам, ки дар оянда мутахассиси хуб мешавӣ.
Ин суханон барои Лолаи ҷавон танҳо ситоиш не, балки пешгӯйии ояндаи нек буданд.
Соли 1991 ба омӯзишгоҳ журналист Раҳматулло Шарифзода омада, аз роҳбарият пурсон шуд, ки оё духтари тоҷикзабоне ҳаст, ки барои кор дар рӯзномаи навтаъсиси вилоятии «Овози Самарқанд» тавсия шавад. Директори омӯзишгоҳ бидуни дудилагӣ номзадии Раҳимоваро пешниҳод кард.
Пас аз чанд рӯз Лола ба идораи рӯзнома рафт. Он замон аксари кормандон мардон буданд. Вай танҳо як рӯз кор кард. Тақрибан баъд аз як сол омӯзгорони соҳибэҳтиром А. Наҷмиддинов (рӯҳаш шод бод!) ва Тошқул Азимов, ки аз маҳорати баланди ӯ ҳамчун мошиннавис огоҳ буданд, бо супориши муҳаррири вақти рӯзнома шодравон Нор Остонзода ӯро боз ба кор даъват мекунанд. Мефаҳмонанд, ки ҳоло дар идора чандин бонувон низ фаъолият доранд. Ҳамин тариқ, пас аз шиносоӣ бо Шоиста Аббосова, Гулчеҳра Ҳалимова, Мастура Султонова ва дигар занону духтарон, ки кормандони рӯзнома буданд, Лола фаъолияти худро ҳамчун коргузор оғоз менамояд.
Рӯзноманигорӣ, бахусус чопи номаҳои хабарнигорони ҷамоатӣ, кори осон нест. Лола ба зудӣ дарк кард, ки бисёре аз муаллифон дастхати хоно надоранд. Баъзе мухбирони ғайриштатӣ бошанд, аз нозукиҳои забони адабӣ, истифодаи дурусти калимаву ибора ва қоидаҳои услубӣ чандон огоҳ нестанд. Дастнависҳои онҳо баъди таҳрири мудирони шуъбаҳо ё муҳаррир барои чоп мушкилоти зиёд пеш меоварданд.
Бо вуҷуди ин, Лола ҳар хабару мақоларо бо сабру таҳаммул ва масъулияти баланди касбӣ ба чоп омода мекард. Ӯ хуб медонист, ки забони тоҷикӣ аз ғанитарин забонҳои ҷаҳон буда, бо он осори ҷовидонаи илму адаб ва фарҳанги башарӣ офарида шудаанд. Аз ин рӯ, муносибати эҳтиёткорона ба ҳар калима ва ҳар ҷумла барои ӯ на танҳо вазифаи хидматӣ, балки қарзи маънавӣ низ маҳсуб меёфт.
– Саҳми чопгару мусаҳҳеҳи соҳибтаҷриба, дақиқназар ва масъулиятшинос Лола Раҳимова бобати нашри босифати рӯзнома шоистаи таҳсину эътироф аст. Аз ин рӯ, фикри шумо дар бораи навиштани лавҳа аз фаъолияти ӯ лоиқи дастгирист, – мегӯяд сармуҳаррири «Овози Самарқанд» Баҳодури Раҳмон.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки Лола Раҳимова аз ҷумлаи кормандони содиқ, вафодор ва фидокори «Овози Самарқанд» мебошад. Маҳз ба шарофати меҳнату заҳмати ноаёни чунин шахсиятҳо ҳар шумораи нашрия сари вақт ва босифат ба дасти муштариён мерасад.
Мавсуф танҳо як чопгару мусаҳҳеҳи соҳибтаҷриба нест, балки барои чандин навқаламону навшогирдони соҳаи матбуот ҳаққи устодӣ ҳам дорад. Бисёре аз кормандон, бахусус гулдухтароне, ки имрӯз дар таҳририят кору фаъолият доранд, аз маслиҳат, роҳнамоӣ ва таҷрибаи ӯ баҳра гирифтаанд.
– Худованди меҳрубон апаи Лолаи моро, гӯё барои кору хидмат дар матбуот офаридааст, – мегӯяд мудири бахши фарҳанг ва занону духтарони рӯзнома Дилафрӯз Облоқулова. – Ӯ донишу таҷриба ва маслиҳатҳои судманди худро аз ҳамкорон, махсусан ҷавонон, ҳаргиз дареғ намедорад. Ҳамеша омода аст, ки дасти ёрӣ дароз кунад, роҳи дурустро нишон диҳад. Хушбахтона, маро низ насиб гардид, ки бо ин зани бофарҳанг, хушрафтору хушгуфтор солҳои зиёд дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамкору ҳамдам бошам.
– Оё шумо аз фаъолияти чандинсолаи худ дар ин идора розӣ ҳастед? – мепурсам аз ӯ.
– Албатта, розиям. Ман ҳамеша кӯшидаам дар пояи панду насиҳатҳои падари бузургворам Абдунасим Раҳимов ва модари меҳрубонам Зӯҳро Раҳимова зиндагӣ ва кор кунам.
Беш аз сӣ сол аст, ки дар рӯзнома фаъолият дорам. Дар ин муддат бо муҳаррирон ва роҳбарони гуногун паҳлу ба паҳлу кор кардам.
Бо шавҳарам Ҷамшед Қаҳҳоров ду фарзанд – Маҳинабону ва Фаридунҷонро ба воя расонидем. Имрӯз аз арӯси ягонаи хонадон – Сарвинозбону се набераи дӯстрӯ дорем.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.