Нашъамандӣ – таҳдид ба саломатӣ ва ояндаи ҷавонон

  • Нашъамандӣ – таҳдид ба саломатӣ ва ояндаи ҷавонон
  • Нашъамандӣ – таҳдид ба саломатӣ ва ояндаи ҷавонон

Нашъамандӣ, ки онро «вабои аср» меноманд, заҳри марговар буда, ҳаёти осоиштаи инсонро халалдор ва ақли ӯро мутеъ мекунад. Имрӯз маҳз ҳамин хатар ба саломатӣ, сарнавишт ва ҳатто ояндаи инсоният таҳдид мекунад. Мо бо он на танҳо ҳамчун як беморӣ, балки ҳамчун як фалокати ҷаҳонӣ низ мубориза мебарем.

Ҳамасола санаи 26-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо сӯиистифода аз маводи мухаддир ва муомилаи ғайриқонунии он қайд карда мешавад.

Ин сана аз ҷониби СММ соли 1987 барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин мушкилот, баланд бардоштани огоҳӣ аз зарари моддаҳои психоактив ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ таъсис дода шудааст. Дар ин рӯз дар саросари ҷаҳон чорабиниҳои гуногуни мавзӯӣ баргузор мешаванд.

Истеъмоли маводи мухаддир ва мубориза бар зидди он яке аз мушкилоти ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба амнияти миллии кишварҳо, генофонди миллат ва саломатии ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Имрӯзҳо ин вабо на танҳо як масъалаи тиббӣ, балки омили асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои охиро қайд карда шудааст, ки ҷинояткорони маводи мухаддир ба як таҳдиди нави ҷаҳонӣ барои тамоми башарият табдил меёбад. Тибқи таҳлилҳо, дар ҷаҳон беш аз 400 миллион нафар аз ин беморӣ азият мекашанд ва ҳар сол тақрибан 300 000 нафар аз он мефавтанд.

Мутаассифона аз ин мушкилот кишвари моро низ истисно нест. Аз аввали сол беш аз 11 ҳазор ҷиноят ошкор ва тақрибан 2,5 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст. Сол аз сол афзоиш ёфтани шакл ва намудҳои чунин ҷиноятҳо ва зиёдшавад  доираи онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ташкили муборизаи ҳамаҷониба бар зидди ҷиноятҳои маводи мухаддир ва нашъамандӣ вазифаи таъхирнопазир аст. 

Барои пешгирии ин буҳрон аз ҷониби Президент як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим қабул карда шудаанд.

Фармон аз 3 ноябри соли 2025 «Дар бораи чораҳои комплексии самарбахши ҳифз намудани саломатии аҳолӣ ва генофонди миллат аз  нашъамандӣ ва ҷиноятҳои нашъамандӣ» содир шуд.

Инчунин бо назардошти вазъият, дар моҳи июни соли ҷорӣ ба Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон тағйироти нав ворид ва масъулият барои қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, бахусус ташкили лабораторияҳои ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷалби ноболиғон дар ин ҷиноят ба ҳатталимнок тақвият дода шуд.

Ин ҳуҷҷат асоси сохтории муборизаи муосирро ташкил медиҳад.

Мувофиқи он, стратегияи комилан нав бар зидди фурӯши маводи мухаддир тавассути интернет амалӣ карда мешавад.

Мо имрӯз баррасии ин мавзӯи муҳим бо баъзе намояндагони «ҳафтгонаи маҳалла»-и маҳаллаи Алишер Навоии ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд суҳбат кардем.

– Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ на танҳо саломатии инсонро хароб мекунад, балки боиси вайроншавии оилаҳо ва зиёд шудани ҷинояткорӣ мегардад, – мегӯяд раиси маҳалла Сайфуллохон Авлихонов. – Ҳар як узви «ҳафтгонаи маҳалла» дар самти худ як ҳалқаи муҳим дар мубориза бо нашъамандӣ  мебошад. Мо дар маҳаллаи худ ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ қарор додаем. Хушбахтона, вазъият дар маҳаллаи мо зери назорати қатъӣ аст. Кӯшиш мекунем, ки бо тамоми сокинон, махсусан бо ҷавонон, робитаи наздик дошта бошем, то аз ҳар гуна амалҳои номатлуб пешгирӣ карда шавад.

Бо суоли «Имрӯз вазъияти паҳншавии маводи мухаддир дар байни ҷавонони маҳалла чӣ гуна аст ва хатарҳои асосӣ кадомҳоянд? ба нозири маҳалла, майор Муродҷон Аъзамов муроҷиат кардем.

– Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ин на танҳо ҷиноят, балки фоҷиаи инсонӣ аст. Нашъамандӣ сарчашмаи дигар ҷиноятҳои вазнин, мисли дуздӣ, ғоратгарӣ ва одамкушӣ мегардад. Қонунгузории мо барои қочоқ, фурӯш ва ҳатто нигоҳдории маводи мухаддир ҷазоҳои ниҳоят вазнин, то маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад. Мушкили асосии имрӯз дигар шудани намуди маводи мухаддир аст. Хатари ин мавод дар он аст, ки одаткунӣ ба он аз истеъмоли аввалин  оғоз мешавад ва асабу руҳияти инсонро дар якчанд моҳ комилан нобуд мекунад. Вазифаи асосии мо – пешгирӣ кардани ин ҷиноят ва наҷот додани ҷавонон аст.

– Қонунгузорӣ барои ин ҷиноятҳо чӣ хел ҷазоҳоро пешбинӣ мекунад? Оё ҷавонон аз ин огоҳанд?

– Мутаассифона, бисёре аз ҷавонон гумон мекунанд, ки «дарёфт кардани» мавод тавассути интернет ҷинояти ҷиддӣ нест. Ин хатои маҳз аст. Қонуни мо барои нигоҳдорӣ, интиқол ва вориди маводи мухаддир ҷазоҳои хеле сахт – аз 5 то 15 соли маҳрумкунӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад. Агар ин кор бо мақсади фурӯш бошад, ҷазо боз ҳам вазнинтар мешавад.

– Имрӯз хатари дигаре, ки ҷавононро таҳдид мекунад, маводи мухаддири синтетикӣ мебошанд, ки тавассути интернет паҳн мешаванд, – мегӯяд пешвои ҷавонони маҳалла Ҷамшедхоҷа Нарзуллохоҷаев .  – Фурӯшандагони марг усулҳои худро дигар кардаанд. Онҳо ҷавононро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо ваъдаидарёфти маблағи осон ба ин дом мекашанд. Ҷавонони мо бояд ҳушёр бошанд. Истеъмоли аввалини ин мавод аллакай оғози марг аст. Мо бояд вақти худро ба варзиш, омӯзиши илм ва технологияи муосир сарф кунем, на ба маводи қотили хеш.

 – Ҷамшедхоҷа, ҳамчун пешвои ҷавонон, ба назари шумо чаро баъзе аз ҷавонон ба ин роҳи хато мераванд ва сабаби асосӣ дар чист?

 – Сабабҳо гуногунанд. Пеш аз ҳама бекорӣ ва надоштани ҳадаф дар ҳаёт аст. Сониян кунҷковии беҷо ва таъсири шиносони нобоб аст. Вақте ҷавон вақти холии зиёд дораду дуруст ташкил намекунад, ба доми гурӯҳҳои ҷинояткор меафтад. Инчунин, баъзеҳо фикр мекунанд, ки бо ин роҳ аз мушкилоти оилавӣ ё фишори рӯҳӣ наҷот меёбанд, вале дар асл ба чоҳи амиқтар меафтанд.

 – Барои пурра нест кардани ин мушкил дар маҳалла чӣ бояд кард?

– Аввал ин ки ҳамкории сокинон бо ҳафтгонаи маҳалла бояд қавитар бошад. Бояд ҳеч кас бетараф набошед ва фавран хабар диҳед. Бетарафӣ шарикӣ дар ҷиноят аст,  – гуфт нозири маҳалла.

– Ман илова мекунам, – таъкид кард пешвои ҷавонон Ҷ. Нарзуллохоҷаев, – волидон бояд ба рафтори фарзандон, телефонҳои онҳо ва маблағе, ки сарф мекунанд, диққат диҳанд. Мо дар маҳалла, дар мактабҳои умумитаълимии рақами  121, 208 ва 222 маҳфилҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ва зеҳниро мунтазам ба роҳ мондаем. Мехоҳем нишон диҳем, ки ҳаёти бе мавод метавонад шавқовар ва ҷолиб бошад.

М. Мамаҷонова, хабарнигори

«Овози тоҷик».,

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: