НАҚШАИ СОЛОНАИ ҒАЛЛАСУПОРӢ БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

Ғаллапарварони вилояти Сурхондарё соли ҷорӣ ба 84 ҳазору 672 гектар замин ғалла кишт намуда, 271 ҳазору 300 тонна дони сара ҷамъ оварданд ва дар миқёси вилоят аз аввалинҳо шуда супоришоти солонаро барзиёд иҷро намуданд.

Имсол ғаллапарварони вилоят дар натиҷаи меҳнати босамар ва дар асоси қоидаҳои агротехникӣ парвариш намудани майдонҳои кишт ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Вале аз сабаби сербориш омадани моҳи май, ки айни пухтани ҳосил маҳсуб меёбад, дарави майдонҳои кишт каме дер оғоз гардид. Баъди пухта расидани ҳосил мавсими дарав бо суръат давом карду ҳосил шуд ва саривақт ҷамъоварӣ шуд ва шукр натиҷаи дилхоҳ  ба даст омад. Дар баъзе ҷойҳо дарав ҳанӯз  давом дорад.

21 июн ба муносибати ба марраи зафар расидани ғаллакорони вилоят дар ноҳияи Шеробод бо иштироки намояндагони соҳаи хоҷагии қишлоқ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ, собиқадорони меҳнат чорабинӣ баргузор гашт. Ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов ғаллапарварони воҳаро бо ин муваффақияти беназир самимона табрик гуфта, тариқи видеоконференсалоқа роҳбарони зиёда аз 150 хоҷагии фермериро, ки аз ҳар гектар майдон зиёда аз 100 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, бо туҳфаҳои хотирмон рағбатнок кард. Худи ҳамин рӯз аз ҳисоби  хоҷагиҳои фермерии пешқадам ба манзили 4 ҳазору 900 оила 970 тонна ғалла бепул низ расонда дода шуд. Боиси хурсандист, ки аз аввали мавсим то имрӯз дар миқёси вилоят ба ходимон, механизаторон, миробҳои 2 ҳазору 38 хоҷагии фермерӣ ва дигар оилаҳои камбизоат, ки дар маҷмӯъ қариб 20 ҳазорро ташкил намуданд, 5,5 ҳазор тонна ғалладона аз ҳисоби ҳомигии хоҷагиҳои фермерӣ бепул тақсим гардид.

Таъкид намудан ҷоиз, ки то кунун дар миқёси вилоят тариқи хайрия ин миқдор ғалладона тақсим нагардида буд. Ин тадбири хайрия ходимони хоҷагии фермерӣ ва қишри камбизоати аҳолиро хеле мамнун сохт. Чорабиние, ки ба муносибати ба марраи мурод расидани ғаллапарварон баргузор шуд, ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт.

 

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: