Донишгоҳи давлатии Тирмиз – ояндаи дурахшони мо

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон ҷараёни хосае ҳукмфармост. Ин ҷараёнро метавон ҷараёни интизориву умед, эҳсоси масъулият ва ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ номид.

Мо – хатмкунандагони мактабҳои миёна, дар як марҳилаи муҳим ва тақдирсози ҳаёти худ қарор дорем. Ҳар ҷавоне, ки имрӯз дар сари дуроҳаи интихоби касб ва муассисаи таҳсилоти олӣ қарор дорад, дар дил орзуҳои бузургеро мепарварад. Ин давра барои мо на танҳо замони хатми мактаб, балки лаҳзаи муайян кардани роҳи оянда, муносибат ба зиндагӣ ва ҷойгоҳи худ дар ҷомеа аст.

Дар солҳои охир дар соҳаи таълими мамлакатамон ислоҳоти куллӣ ва таҳаввулоти бесобиқа ба вуқӯъ пайвастанд. Бо ташаббуси роҳбари давлат, имрӯз барои ҷавонон дарвозаҳои илму дониш васеъ боз шудаанд. Шароити мусоиди таҳсил, ки имрӯз барои мо фароҳам оварда шудааст, дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ қарор дорад.

Дар чунин шароит ҳоло, ки мо барои интихоби дурусти донишгоҳ дар андеша будем, боздиди меҳмонони олиқадр аз Донишгоҳи давлатии Тирмиз барои мо як воқеаи хотирмону тақдирсоз гардид. Устодони номдори ин даргоҳи илм Ҷамшед Ҷумъақулов ва Илҳом Эшонқулов бо худ китоб, дастури таълимӣ ва маълумоти пурра дар бораи дастоварди солҳои охири донишгоҳро оварда буданд, ки ба мо барои шиносоӣ бо ҳаёти донишҷӯӣ ва ихтисосҳои нав кумаки бевосита расонд.

Дар ҷараёни суҳбат устодон ба мо нақл карданд, ки Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба марҳилаи комилан нави рушд ворид шудааст. Имрӯз ин муассисаи бонуфуз бо рейтинги баланди худ дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ёфта, бо ворид шудан ба феҳристи 1000 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон исбот кардааст, ки сифати таълимаш ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Суханони Ҷамшед Ҷумъақулов, ки худро зодаи ҳамин деҳаи қадимаи Дарбанд муаррифӣ карданд, ба мо ҳисси баланди ифтихор бахшид. Устод дар бораи шахсиятҳои бузурги деҳаамон: Шодӣ Карим, Иззатуллоҳи Кенҷа, Палвон Шоимов, Юсуф Вализода, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ ва дигарон бо меҳру муҳаббат ҳарфзада, таъкид карданд, ки ин донишгоҳ арзишҳои миллӣ ва таърихиро пос медорад ва донишҷӯро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия мекунад. Ин ба мо итминон дод, ки дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз мо на танҳо мутахассиси хуб, балки инсони комил ва ватандӯст мешавем. Ман баъди шунидани ин ҳама маълумоти муфид, дар бораи имкониятҳои фаровони таълимӣ, шароити муосир ва дурнамои дурахшони ин донишгоҳ, бе дудилагӣ, тасмим гирифтам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба ҳамин даргоҳ супорам. Донишгоҳи давлатии Тирмиз барои мо маконест, ки дар он орзуҳо ба воқеият табдил меёбанд. Ба ҳамаи хатмкунандагон тавсия медиҳам, ки дар интихоби донишгоҳ хато накунанд.

 

Қирмизигул ҲАМРОҚУЛОВА,

хатмкунандаи мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бойсуни

 вилояти Сурхондарё.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: