9 ҷуфти даври 1/32 финали Ҷоми ҷаҳон маълум шуданд

Интизор меравад, ки марҳилаи плей-офф бо рақобатҳои ҷолибу шадид баргузор шавад.

Бо наздик шудани анҷоми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026, нӯҳ ҷуфти аввали даври 1/32 финал маълум гардиданд.
Ҷуфтҳои то ҳол муайяншуда чунинанд:
Африқои Ҷанубӣ — Канада;
Нидерланд — Марокаш;
Олмон — Парагвай;
Фаронса — Шветсия;
ИМА — Босния ва Ҳерсеговина;
Бразилия — Ҷопон;
Соҳили Кот-д’Ивуар — Норвегия;
Аргентина — Кабо-Верде;
Австралия — Миср.

Пас аз анҷоми бозиҳои боқимондаи марҳилаи гурӯҳӣ, ҳамаи иштирокчиёни плей-офф ва ҷуфтҳои дигари даври 1/32 финал пурра муайян мешаванд.
Мухлисон интизоранд, ки марҳилаи ҳассоси мусобиқа бо рақобатҳои ҷолиб ва муборизаҳои шадид хотирмон хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: