СОҲИБЭҲТИРОМЕ ДАР «ШАШМАҚОМ»

Маълум аст, ки «Шашмақом» – силсилаи суруду оҳангҳои классик ва мероси арзишманди ниёгони санъатдӯсти мо як низоми муайян дорад ва аз шаш мақом: «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат аст.

Бояд таъкид намуд, ки ҳунармандон ва мусиқидонҳои барҷаста Левӣ Бобохонов, Мирзо Отаҷони Танбӯр, Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, Юсуф Раҷабӣ ва дигарон бузургтарин устодони «Шашмақом» буданд. Маҳз туфайли хидматҳои бемисли онҳо суруду оҳангҳои классикиамон то замони мо омада расидаанд. Боиси хушнудист, ки дар Самарқанд ворисони муносиби онҳо, хосатан Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ҳастанд ва бо ҳунари волои хеш ба мухлисони санъат ғизои маънавӣ мебахшанд.

Яке аз чунин сарояндагони хушсалиқа Иноятуллоҳ Раҳмонов мебошад. Чанде пеш ӯ дар ҷашнвораи байналхалқии «Ушшоқи Раҳмонӣ», ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд (Тоҷикистон) баргузор шуд, ширкат варзид ва бо як олам таассурот баргашт.

Ҳарчанд ин сарояндаи хушсалиқа дар оғози солҳои 2000-ум бо иҷрои таронаҳои дилнишину гуворои мардумӣ аввал дар зодгоҳаш деҳаи Равонак, сипас дар омӯзишгоҳи санъати Самарқанд ном бароварда, вориди майдони ҳунар шуду дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ дурахшид, имрӯз ӯро бештар ба унвони вориси асили устодони бузурги «Шашмақом» Ҷӯрақул Солеев, Фозил Очилов, Неъматҷон Раҳматов, Баҳодур Ҷабборов, Асадуллоҳ Атоуллоев, Ориф Мухторов ва ғайра мешиносанд.

Ман солҳои тӯлонӣ роҳи ҳунарии ӯро пайгирӣ мекунам ва ифтихор мекунам, ки дар Самарқанд чунин ҳофиз дар хидмати халқу Ватан мебошад.

– Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 33-юми ноҳияи Самарқанд дар маҳфилҳои санъати бадеӣ иштирок мекардам ва ба хусус аз тағоям Искандар, ки санъатдӯст буданд, бисёр чизҳоро омӯхтам.

Соли 1997 бо роҳбарии устод, шоир Ҳаёт Неъмат барои иштирок дар Наврӯзи оламафрӯз ба Тошканд рафта, бори нахуст назди мухлисони санъат баромад кардем. Дар ҷараёни диду боздидҳо дар Бухоро, Фарғона, Душанбе, Панҷакент, яъне ҳар куҷо, ки мерафтем, суҳбат, албатта аз адабиёт, санъату фарҳанг буд.

Шумо медонед, ки Равонак зодгоҳи бисёр адибону санъаткорон буду ҳаст. Яке аз онҳо устод, олими беназир Холиқ Мирзозода буданд, ки «Шашмақом»-ро хеле дӯст медоштанд.

– Иноятуллоҳ, ҷашнвораи байналхалқии «Ушшоқи Раҳмонӣ» чӣ тавр гузашт?

– Хеле олиҷаноб ва хотирмон. Суҳбат ва дидорбинӣ бо ҳунарпешаҳои номдор Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев ва дигарон фаромӯш нахоҳад шуд.  Гран-при насиби ҷамоаи «Нури Хуҷанд» гардид ва ҷойи аввал ба ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва мақоми дуюм ба Бухорои Шариф насиб кард. Намояндагони санъати Озарбойҷон ба ҷойи савум муносиб дониста шуданд, иштирокдорони дигари ҷашнвораи байналхалқии Хуҷанд низ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

– Нақшаҳои ояндаатон...

– Ман ҳамчун узви дастаи ҳунарии «Шашмақом»-и ноҳияи Самарқанд ба иди аз ҳама бузург ва азиз – 35 солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ тайёрӣ мебинам. Бо суруду оҳангҳои классикӣ баромад намуда, мухлисони санъатро хурсанд хоҳам кард.

Зоҳир Ҳасанзода,

мухбири «Овози тоҷик»

дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: