БЕЖАН ва МАНИЖА. Бежан писари паҳлавон Гев, Манижа бошад, духтари нозпарварди Афросиёб. Якдигарро дӯст медоранд. Вале лозим меояд аз имтиҳони сахти рӯзгор гузаранд. Бо кумаки Рустам ба мурод мерасанд.
ЛУХРАСП – ақрабои дури Кайхусрав. Кайхусрав ба Эрон бо сари баланд баргашт, хазинаву ғаниматҳоро ба мардум тақсим кард, тахтро ба Лухрасп тақдим намуд ва ба кӯҳ баромада рафт, ғайб зад. Гев, Бежан, Тус ва дигар паҳлавонҳо, ки ба ҷустуҷӯяш баромада буданд, ба тундбоди сахт дучор ва ҳалок мешаванд.
Рустам пир шуда буд... Дар ҳамин давра Зардушт ном пайғамбар пайдо шуд ва ба дини зардуштӣ асос гузошт.
ГУШТАСП – писари Лухрасп. Подшоҳ боз як писар дошт, номаш – Зарир. Лухрасп тахтро ба Гуштасп ваъда карда буд, аммо чун дид ба бовариаш сазовор нест, ба ваъда вафо нанамуд. Гуштасп ранҷид, ба Рум сафар кард. Духтари Қайсари Румро ба занӣ гирифт. Қайсар ӯро валиаҳд таъин кард.
Лухрасп, ки пир шуда буд, писараш Зарирро ба Рум фиристод, то бародарашро бозоварад. Зарир Гуштаспро ёфт ва ба Эрон овард. Лухрасп тахтро ба Гуштасп супурд ва худаш ба Балх рафт, дарвешона ҳаёт гузаронд.
Аз он ки Гуштасп дини зардуштиро қабул карда буд, шоҳи Тӯрон Арҷасп ба Эрон лашкар кашид. Зарир корнамоиҳо нишон дод. Вале ӯ бо ҳиллаи Бедорафш ном сеҳргар ҳалок гашт.
ИСФАНДИЁР – писари Гуштасп. Ӯ қасоси амакаш Зарирро аз Арҷасп гирифт. Вай мисли Рустам ҳафт маротиба паҳлавонии беназир нишон додааст. Ба фитнаи душман фирефта шуда, алайҳи Рустам низ размидааст.
Аз тири Рустам кӯр мешавад ва дар дами марг ба худ омада, ба падари худ Гуштасп лаънатҳо мехонад, аз Рустам узр пурсида, писари худ Баҳманро ба ӯ месупорад. Аммо...
БАҲМАН мехост қасоси падарро аз Рустам ситонад. Аз болои кӯҳ сангҳо ғелонд, Рустамро ярадор кард. Дигар душманҳо низ аз пайи ҳалок кардани Рустам шуда, дар роҳаш чоҳ мекананд. Вақте ба чоҳ афтид, тир холӣ мекунанд. Ҷаҳонпаҳлавон ҳалок мешавад.
Баъди вафоти Баҳман ба ҷойи ӯ писараш Дороб, баъди вафоти Дороб ба ҷояш писари ӯ Доро ба тахт менишинанд.
Доро алайҳи юнониҳо меразмад.
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Искандар аз насли шоҳони эронӣ қаламдод гардидааст. Эронро забт кардани Искандар гӯё истило нест, муборизаи «бародарҳо» баҳри талоши тахту тоҷ аст...
АРДАШЕРИ Бобакон Ардавонро, ки аз сулолаи Парфиёнҳо буд, мағлуб сохта, ба сулолаи Сосониҳо асос гузошт.
Тавре мебинем, баъзан афсонаю ривоятҳо ва воқеаҳои таърихиро ба ҳам омехта, Фирдавсӣ саргузашти ҳукмрону паҳлавонҳоеро, ки ба Эрону Тӯрон алоқаманданд, қаламдод кардааст.
Писари Қубод – Хусрави I (Анӯшервон) ва писари ӯ Хусрави II (Парвиз), ки шахсони таърихианд, аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома» мебошанд. Дар бораи Яздигурди I ва писари ӯ Баҳроми Гӯр, тавре медонем, афсонаҳои зиёд мавҷуд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ падару писари таърихиро не, образи дар асоси асотир офаридашудаи онҳоро мебинем.
Дар достонҳои лиро-эпикии дигар шоирони классикии форс-тоҷик саргузаштҳои моҷароомези як қатор подшоҳҳои қадима ҳар тарз сурат гирифтаанд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бошад, образи онҳо дигархелтар – бо рангу ҷилои ба худ хоси бадеӣ ҷилва менамояд.
Фирдавсӣ чун бузургтарин сарояндаи достонҳои қаҳрамонӣ дар таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба сифати яке аз се паёмбари назм эътироф шудааст.
...Бо адади нашри калон (1млн.700 ҳазор) ҷомаи табъ ба бар намудани «Шоҳнома» низ ҳодисаи нодир. Армуғони сазовор ҳар узви хонадони моро, ки бо гузаштаи худ ифтихорманд аст, илқо месозад ба Шоҳномахонӣ рӯй оварад.
Ба майдон ой, гар шери жаёнӣ,
Ту бабр, эй дӯст, гар Шаҳномахонӣ.
Муқаддасқалъа шеъри форсиро
Чу Рустамзода бинмо посбонӣ!
Муҳаммадҷон ШОДӢ,
шаҳри Тошканд.